САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли 2024, дар мамлакат шумораи сайёҳон ба 265,1 ҳазор нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 71046,8 ҳазор нафар ё 26,8 фоиз зиёд мебошад. Бо шарофати тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, сол то сол воридшавии сайёҳон ба ҷумҳурӣ меафзояд.
Аз ҷумла, ташрифи меҳмонони хориҷӣ бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд, ки чанд соли охир дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе доир мешаванд, ба рушди бештари соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуд. Баъди тамошои манзараҳои зебои Тоҷикистон, зимни суҳбат қариб ҳар нафари онҳо бо аҳли хонавода ва дӯстон бо мақсади саёҳат боз ба Тоҷикистон омаданашонро таъкид менамуданд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» (бойгонӣ) аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон аз ҷониби меҳмонони хориҷӣ, ки рӯзҳои баргузории Раванди оби Душанбе (10-13 июн) ва дигар чорабиниҳои соли равон доиргашта, аккосӣ шудаанд.
Таҳияи Зоҳирҷони ТОИРЗОД,
АМИТ «Ховар»