Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд

Июнь 27, 2026 16:15

«ДУШАНБЕ, 27.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар саҳар бо хотири осуда аз  хоб хеста, ҳар кадоми мо аз пайи кору фаъолияти хизматӣ  мешавем. Бо дили пур фарзандони хурдсоламонро ба кӯдакистон, наврасонро ба мактаб ва ҷавононро ба донишгоҳу донишкадаҳо гусел мекунем. Корамонро ба анҷом расонида, сари як суфра ҳамаамон ҷамъ омада, аз аҳволи ҳамдигар бохабар мешавем, барои истироҳат оилавӣ ба боғу гулгаштҳо меравем. Дар хурсандию шодии  хешу  табор, дӯстону ҳамсояҳо шарикем, ба хонаи якдигар бемалол рафту омад дорем. Магар ин ҳама хушбахтӣ ва боиси шукргузориву ифтихор нест?! Ин ҳама орому осудагии зиндагӣ ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки меъмори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба мо муяссар гардидааст. Ин матлабро аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Фурудгоҳ» Идигул Абдуллоева дар мақолааш, ки дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён намудааст. Дар идома ӯ чунин изҳор назар намудааст:

— Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ  вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зеро сулҳ худ ба худ пойдор намемонад,  он эҳтиёҷ ба эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дорад. Хусусан ҷавонон бояд ин неъмати бузургро қадр кунанд, аз таърихи гузашта сабақ гиранд ва барои таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Набояд фаромуш кард, ки солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон солҳои бисёр вазнин буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёт, фарҳанг ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонд. Дар чунин шароити ҳассос тақдири миллат ба шахсияте вобаста гардид, ки манфиати давлат ва халқи худро аз ҳама болотар гузошт. Бо азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳ оғоз гардида, барои барқарор намудани эътимод  байни  қишрҳои гуногуни ҷомеа замина фароҳам оварда шуд.

Натиҷаи ҳамин талошҳои шабонарӯзӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 буд. Ин санади таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки оғози давраи нави эҳёи Тоҷикистон гардид. Аз ҳамон рӯз сар карда, сулҳу субот ба арзиши волотарини ҷомеа табдил ёфт.

Натиҷаи хамин сулҳу ваҳдат буд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорон иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд.

Албатта, месазад гуфт, ки дар саргаҳи ин ҳама дастовардҳо саҳми Пешвои миллат ниҳоят бузург аст. Зеро бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон на танҳо сулҳу суботи дохилиро таҳким бахшид, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар обрӯи баланд пайдо кард. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати амн, соҳибистиқлол ва пешрафта мешиносад.

Тавре Пешвои миллат ҳидоят менамоянд: «мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем».

АКС аз муаллиф/манбаъҳои боз

                         

Июнь 27, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон