БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад

Июнь 27, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 27.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз солҳои соҳибистиқлолӣ шароити душвори географию релефи кӯҳӣ ва номусоидии вазъи ҳаво дар минтақаҳои душворгузар на ҳамеша имкон медоданд, ки шаҳрвандони мамлакат  бо мақсади баровардани эҳтиёҷоти худ аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намоянд. Хушбахтона,  дар даврони соҳибистиқлолӣ   бо бунёду навсозии роҳҳо, ин мушкилиҳо рафъ гардида, сокинон метавонанд ба дилхоҳ гӯшаи дурдасти ҷумҳурӣ, бе хавфу хатар, сафар намоянд. Ин ҳама аз файзи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аст, ки имкон додааст дар фазои орому осуда  роҳу нақбҳои муосир бунёд шаванд. Ҳамзамон, дар ин раванд якпорчагии кишвар ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад.

— Муҳиммият ва зарурияти нақлиёти автомобилӣ чун ҷузъи таркибии низоми ягонаи коммуникатсионии мамлакат, ки аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва вазъи кӯҳсори кишвар бармеояд, масъалаи роҳкушоиро дар радифи стратегияи аввалиндараҷаи давлатӣ қарор додааст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  аз 16 декабри соли 2025   баён гардид ки «барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025  дар доираи лоиҳаҳои номбаршуда  ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд».

Изҳор гардид, ки роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти     номбаршуда мебошанд.

 Воқеан ҳам, маҳз бо туфайли нақлиёти автомобилӣ робита  байни  манотиқи мухталифи кишвар таъмин гардида, бор ва мусофирон бо усули «аз дар ба дар» кашонида мешаванд. Тармиму таҷдиди роҳ ва инкишофи зерсохтори низоми коммуникатсионӣ густариши алоқаҳои иқтисодии  байни  манотиқи кишварро таъмин намуда, на танҳо ба ташаккулу рушди иқтисоду бозори миллӣ, балки ба пайвастшавии он бо иқтисоду бозори ҷаҳонӣ мусоидат намудааст. Ҳамзамон, дар ин раванд якпорчагии кишвар ва ваҳдати воқеии мардум ба миён омаданд. Маҳз нерӯгирии алоқаҳои иқтисодию тиҷоратии  байни  маҳалҳои мухталифи кишвар алоқаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаро комил намуда, ваҳдати миллиро устувор менамояд. Ин равандҳо, дар асл, ҳосилаи сиёсати роҳкушоии давлат ва рушди нақлиёти автомобилӣ мебошанд.

Нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт якчанд сифатҳои фарқкунанда дорад. Вай чун зернизоми мобилӣ қобилият дорад фавран ба талаботи рӯзмарраи боркашонии амволу мусофирон мутобиқ гардад. Дар боркашонии маҷмӯӣ, ки бо иштироки дигар шаклҳои нақлиёт сурат мегирад, нақши махсуси миёнаравӣ ва мутобиқ шудан ба ба шароитҳои гуногунро мебозад, зеро костагию норасоиҳои дигар намудҳои нақлиёт (ҳавоӣ, роҳи оҳан ва ғайра)-ро бартараф ва ё рӯйпӯш менамояд.

Воқеан ҳам, нақлиёти автомобилӣ алоқаҳои  байни  марказҳои маъмурӣ, шаҳрҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурӯдгоҳҳоро таъмин намуда, вазифаҳои иҷтимоию коммуникатсиониро ба ҷо меорад. Вазни асосии боркашонии дохилӣ ва берунии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молу амвол дар мамлакат бештар ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

Суръати баланд ва самаранокии он аст, ки дар мамлакат зиёда аз 90% боркашонию мусофирбарӣ ба ихтиёри ин соҳа мебошад. Дар солҳои 2018–2024 боркашонии нақлиёти автомобилии соҳибкорон беш аз 1,5 маротиба боло рафтааст. Ин нишондиҳанда нақши роҳкушоӣ ва нақлиёти автомобилиро дар рушди соҳибкории мамлакат низ гувоҳӣ медиҳад.

Рушди устувори боркашонии нақлиёти автомобилии истифодаи умум хеле бузург аст: соли 2024 онҳо қариб 134,4 млн тонна бор кашониданд, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 50% зиёд аст. Соли 2024 беш аз 996 млн мусофир бо нақлиёти автомобилӣ кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2018 65,3% афзудааст. Агар ин нишондиҳандаҳоро бо соли 2000-ум қиёс намоем, рушд боз ҳам барҷастатар мешавад. Афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар кишвар самараҳои аввалини бунёди шоҳроҳҳо мебошад.

Ниёз ба роҳкушоӣ ва маблағгузорӣ дар ин самт боз ҳам боло меравад. Зеро талаботи мардум ба мошинҳои сабукрави шахсӣ сол аз сол афзуда истодааст ва ин талабот раванди пешниҳоди роҳкушоиҳои навро ангезиш медиҳад.

Ҳадафи асосии стратегияи роҳкушоӣ ва инкишофи хоҷагии роҳи мамлакат — ин таъмини саҳми арзандаи роҳҳои автомобилгард дар суръатбахшии иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии мардум мебошад. Дар ин маврид, афзудани ҳосилнокии меҳнат, болоравии рақобатпазирии молу хизматҳои ватанӣ аз ҳисоби паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ниҳоӣ ва фароҳамсозии шароит барои зудҳаракатии (мобилнокии) аҳолӣ таъмин мегардад.

Бояд таъкид кард, ки пайваста бо рушди шабакаҳои роҳ, ҳамзамон самараи занҷирӣ барои инкишофи дигар соҳаҳо рӯи майдон меояд. Масалан, инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, яъне ба истеъмолкунанда расонидани ганҷи деҳқон бо туфайли бозор, аслан бо нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, нақши роҳҳои маҳаллӣ низ хеле бузург аст.

Шоҳроҳҳое, ки бунёд шудаанд, дар атрофашон ба ташкили чандин инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ, ба мисли мағозаҳо, ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳо, воситаҳои алоқа, ёрии техникӣ, таъмир ва бозорчаҳо, ки барои мусофирон равона шудаанд, мусоидат мекунанд. Яъне, дар ин раванд шуғлнокии аҳолӣ, густариши инфрасохторҳои мухталиф ва ҳамин тариқ бунёди арзиши нав, афзудани даромади аҳолию миллӣ ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) сурат мегирад.

Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ (корхонаҳои истихроҷи маданҳои кӯҳӣ, коркарди ашёву маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра) ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳову ҷамоатҳое, ки дар атрофи шоҳроҳҳо воқеанд ва ё ба онҳо пайваст шудаанд, нерӯи тоза мегирад. Дар ин раванд сатҳи некуаҳволии хонаводаҳо ва умуман аҳолии ин манотиқ боло меравад. Илова бар ин, хусусияти инкишофи нақлиёти автомобилии муосир дар он аст, ки вай барои мамлакат алоқаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои иҷтимоию иқтисодии берунаро ба ҷо меорад. Яъне, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиро бо мамолики Шарқ — Чин, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҳамсояи ИДМ густариш медиҳад.

Чи тавре ки дар боло изҳор шуд, рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ, яъне нақлиётӣ, омили муҳимми пешрафти иқтисоди миллӣ маҳсуб мешавад ва аз ин лиҳоз Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои бузургеро ба иҷро расонид: Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм (70 км), Гулистон – Кӯлоб (33 км), Хоруғ – Роштқалъа (39 км), Мурғоб – Кулма (67 км), Балҷувон – Сари Хосор (55 км), Хистеварз – Конибодом (Арка) (10 км), 11 километр роҳи аълоҳидаи шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бояд таъкид кард, ки ин ҳама бунёдкориҳои бузург аз шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Маҳз фазои истиқлол имконият дод, ки мо ҷаҳони муосирро натанҳо мустақиман шиносем, балки ҷуръат намоем, то ҳамқадами он бошем, кулли навгониҳои моддию маънавиро пайваста бо омӯзиши меъёрҳои байналмилалӣ ва омезиши он бо тамаддуни меъморию арзишҳои оламгири ниёгонамон эҷод намоем.

Ниёгонамон роҳсозию роҳкушоиро некӯтарин фазилату фаъолияти инсонӣ эълон доштанд ва ин сифат дар ҳастии онҳо нуҳуфта аст. Алҳол роҳсозӣ стратегияи муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта,  дар саросари кишвар ба маҷрои азими созандагии мардум табдил ёфтааст.

Низоми роҳу нақлиёти автомобилии мамлакат дар мавриде устувор мегардад, ки агар роҳҳои маҳаллӣ низ таҷдиду таъмир шуда, бо шоҳроҳҳо пайваст гарданд. Айни ҳол роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмиру тармим шуда истодаанд. Аксари ноҳияҳои мамлакат аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар кӯҳу доманакӯҳҳо ҷойгир шудаанд, ки қаблан аз алоқаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ нисбатан маҳдуд буданд.

Ҳоло бошад, бисёре аз онҳо ба шоҳроҳҳо пайваст шудаанд. Таъмиру замонавӣ кардани роҳҳои автомобилгарди дохили маҳалҳо ва ба шоҳроҳҳо пайваст кардани онҳо чун ҳадафи стратегии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, Стратегияи давлатии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз стратегияҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, пас аз солҳои 2000-ум суръати мунтазами татбиқи амалии он хеле барҷаста мушоҳида мегардад.

Воқеан ҳам, бунёди коммуникатсияи нақлиётӣ, таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард чун ҷузъи марказии низому инфрасохтори коммуникатсионии кишвар ва яке аз масъалаҳои заминавии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва тақозои иқтисоди миллӣ мебошад. Роҳҳо ва дар ин замина нақлиёт мисли «рагҳои хунгард» дар инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд.

Юсуф РАҲМОН,
мудири шуъбаи тадқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 27, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳар як ҷавон аҳамияти бузург дорад
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»