АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё шиори идеологӣ нест, балки он як формулаи наҷоти умумимиллӣ ва сохтори стратегии нигоҳдории соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавии муосир ва бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон ва нақши меҳварии Роҳбари давлат дар ин раванд аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмию таҳлилии ҷаҳон ҳамчун падидаи беназири дипломатияи пешгирикунанда эътироф шудааст.
— Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон марҳилае вуҷуд дорад, ки сарнавишти миллатро аз нестӣ ба ҳастӣ пайванд медиҳад ва ин давраи эҳёи милливу давлатӣ мустақиман бо номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, заминаи аввалини ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва оғози музокироти сулҳ фароҳам овард ва интихоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ нуқтаи гардиши таърихиро ибтидо гузошт. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташон Пешвои миллат консепсияи нави давлатдориро, ки дар асоси таҳаммулпазирӣ, муколамаи созанда ва авлавияти манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ устувор буд, пешниҳод намуданд.
Раванди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон як роҳи тӯлонӣ, душвор ва сермаҳсули музокирот буд, ки аз ҳашт даври расмии гуфтушунидҳо, се марҳилаи машваратҳо ва асноди сершумори имзошуда иборат буда, дар маҷмуъ панҷ сол, аз апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар бар гирифт.
Иродаи сиёсии Сарвраи давлат дар он зоҳир гардид, ки устуворона формулаи «Сулҳ ва оштӣ барои ҳама»-ро пеш гирифта, омодагии худро барои гузаштҳои муҳими сиёсӣ ба хотири амнияти сокинони мамлакат эълон намуданд.
Ин стратегия имкон дод, ки Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расад. Ин ҳуҷҷат на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки модели нави ҳалли низоъҳои дохилиро дар фазои пасошуравӣ ва ҷаҳон муаррифӣ кард, ки дар он ҷонибҳои даргир тавассути таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ба тавофуқи сохторӣ расиданд.
Пешвои миллат дар раванди музокирот ба унсурҳои таърихии дипломатияи шарқӣ, аз ҷумла фарҳанги гузашт, авф, суннати эҳтироми калонсолон ва арзишҳои ахлоқии ниёгон такя намуданд, ки ин усул дар илми сиёсатшиносии муосир ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» эътироф шудааст.
Бунёди Ваҳдати миллӣ заминаи устуворро барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон, гузаронидани ислоҳотҳои амиқи сохтории иқтисодӣ ва таъсиси парламенти касбии дупалатагӣ фароҳам овард. Ваҳдат ҳамчунин шарти асосии амалишавии чор ҳадафи стратегии миллии Тоҷикистон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат гардид, ки бе мавҷудияти суботи сиёсӣ татбиқи онҳо ғайриимкон буд. Дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, таҷрибаи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як дарси муҳими таърихӣ барои давлатҳое, ки дучори низоъҳои дохилӣ ҳастанд, омӯхта мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид борҳо таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун модели муваффақи ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати қонунӣ дар раванди барқарории сулҳ арзёбӣ кардааст. Пешвои миллат исбот намуданд, ки Ваҳдати миллӣ танҳо як ҳолати набудани ҷанг нест, балки он як раванди доимии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ҳамоҳангии манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро талаб мекунад.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури марказии ҳувияти миллии тоҷикон хизмат мекунад ва насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ тарбия менамояд.Аз нуктаи назари таҳлили илмии сиёсӣ, устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба он вобаста аст, ки Президенти мамлакат тавонистанд баъд аз имзои Созишномаи сулҳ, барномаҳои васеъмиқёси ҳамгироии иҷтимоиро амалӣ созанд. Ин раванд баргардонидани зиёда аз як миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан ва таъмини онҳо бо манзил ва ҷойҳои корӣ дар бар мегирифт, ки дар таърихи низоъҳои ҷаҳонӣ яке аз нишондиҳандаҳои босуръаттарин ва муваффақтарини бозгашт ба Ватан ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин ворид намудани неруҳои собиқи мухолифин ба сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ нишондиҳандаи боварии мутақобила ва татбиқи амалии принсипҳои ваҳдат гардид. Ин иқдомҳо амнияти дохилиро кафолат доданд ва заминаҳои пайдоиши дубораи низоъро аз байн бурданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сулҳро дар Тоҷикистон барқарор намуданд, балки ҳамчун меъмори асосии Ваҳдати миллӣ, низоми устувори давлатдории миллиро бунёд карданд, ки қобилияти муқовимат ба таҳдидҳои нави глобалиро дорад. Муносибати илмӣ ба омӯзиши ин раванд нишон медиҳад, ки суботи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон маҳсули бевоситаи интихоби дурусти стратегӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Ваҳдати миллӣ ба унвони бузургтарин дастовези таърихи муосири тоҷикон, кафолати рушди устувори давлат, шукуфоии ҷомеа ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат дар асри бистуяк ба шумор меравад.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи дуюми фаъолияти стратегии Пешвои миллат оғоз гардид, ки онро дар илми сиёсатшиносии муосир метавон «Институтсионализатсияи Ваҳдати миллӣ» номид. Ин раванд гузариш аз сулҳи ҳарбӣ-сиёсӣ ба суботи сохтории иқтисодӣ ва иҷтимоиро талаб мекард. Таҳлилҳои омории нишон медиҳанд, ки дар соли 1997 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дошт ва буҷети давлатӣ имкони маблағгузории лоиҳаҳои бузургро надошт. Пешвои миллат бо дарки ин воқеият, консепсияи «иқтисоди ваҳдат»-ро пешниҳод намуд, ки тибқи он тамоми заҳираҳои молиявии дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба се самти ҳаётан муҳим: сохтмони роҳҳо, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ равона карда шуданд.
Ин стратегия имкон дод, ки дар давоми ду даҳсолаи аввали асри XXI нишондиҳандаҳои камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 81 фоиз то ба зери 21 фоиз коҳиш дода шавад, ки ин нишондиҳанда дар таърихи иқтисодии минтақа сифатан нав ва беназир аст. Дар заминаи илми муносибатҳои байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати хориҷии худро аз «дипломатияи наҷот» ба «дипломатияи ташаббускор» табдил диҳад. Маҳз устувории сохти сиёсии дохилӣ шароит фароҳам овард, ки ташаббусҳои глобалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гарданд. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли мушкилоти об эътироф шудааст ва ин мақом мустақиман маҳсули суботест, ки заминаи он дар солҳои аввали ваҳдатофарӣ гузошта шуда буд.
Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки модели дипломатияи обии Тоҷикистон унсури калидии геополитикаи минтақавии Осиёи Марказӣ гардида, ба воситаи муҳими таъмини амнияти экологӣ ва энергетикии ҳамсоядавлатҳо табдил ёфтааст. Аз нуқтаи назари фалсафаи сиёсӣ ва таърих, Президенти Тоҷикистон дар асарҳои илмиашон, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ариён то Сомониён» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ариёӣ», заминаҳои назариявии ҳувияти миллиро устувор намуданд. Ин тадқиқотҳои илмии Роҳбари давлат нишон доданд, ки ваҳдат барои халқи тоҷик як падидаи сунъӣ ё тасодуфӣ нест, балки он реша дар таърихи чандҳазорсолаи давлатдории ниёгон, аз ҷумла давлати Сомониён дорад.
Бо такя ба ин асарҳо, дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон консепсияи «идеологияи миллӣ» шакл гирифт, ки ҷавҳари онро ватандӯстӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва рӯй овардан ба илму технологияҳои муосир ташкил медиҳад. Ин равиш имкон дод, ки ҷомеа аз хатарҳои идеологияҳои бегона ва экстремизми диниву сиёсӣ ҳифз карда шавад.
Марҳилаи муосири рушди Ваҳдати миллӣ бо раванди саноаткунонии босуръати мамлкат, ҳадафи чоруми стратегӣ алоқаманд аст. Гузариши Тоҷикистон аз давлати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ нишон медиҳад, ки ваҳдат заминаи асосии модернизатсияи техникӣ ва технологӣ гардид.
Бунёди заводи бузурги металлургии «Талко», ба кор андохтани агрегатҳои аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун», сохтмони наворҳои логистикӣ ва нақбҳои стратегӣ (ба мисли нақби «Истиқлол» ва «Шаҳристон») на танҳо иқтидори иқтисодиро афзуданд, балки аз нигоҳи сиёсӣ якпорчагии ҳудудии ҷумҳуриро ба таври комил таъмин намуданд. Таҳлилҳои илмии сохтори иқтисодӣ исбот мекунанд, ки ин лоиҳаҳо барои бори аввал дар таърихи муосир бозори ягонаи дохилии Тоҷикистонро шакл доданд, ки ин худ кафолати моддии ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар бахши рушди сармояи инсонӣ, сиёсати Пешвои миллат ба он равона карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ба рушди зеҳнии насли ҷавон хизмат кунад. Бунёди садҳо мактабҳои муосир ва донишгоҳҳои нав дар тамоми минтақаҳои мамлакат шаҳодат медиҳанд, ки давлат барои ташаккули элитаи нави илмию техникии худ сармоягузорӣ мекунад. Сиёсатшиносон ин равандро «таъмини устувории дарозмуддати ваҳдат» меноманд, зеро насли нав, ки дар шароити сулҳ ва соҳибихтиёрӣ ба воя расидааст, арзиши ваҳдатро ҳамчун шарти асосии озодии шахсӣ ва касбии худ қабул мекунад. Ин омил хатарҳои дохилии бесуботиро ба сифр баробар месозад.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи таърихии Тоҷикистон таҳти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки бунёди Ваҳдати миллӣ як иқдоми яккаратаи сиёсӣ набуда, балки низоми мураккаб, динамикӣ ва доимист, ки ҳифзи он таҳлили илмӣ, идоракунии стратегӣ ва садоқати бепоёнро ба манфиатҳои миллӣ талаб мекунад. Имрӯз, ки ҷаҳон дар марҳилаи тақсимоти нави геополитикӣ ва буҳронҳои амиқи амниятӣ қарор дорад, усулҳо ва формулаҳои сулҳофарии Тоҷикистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунанд. Ин таҷриба исбот кард, ки танҳо дар сурати мавҷудияти роҳбари дорои иродаи қавии сиёсӣ ва пуштибонии умумихалқӣ метавон давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва онро ба як субъектҳои фаъол ва эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалӣ табдил дод.
Дар низоми давлатдории миллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки меҳвари асосии ҳувият ва пойдевори устувори Ваҳдати миллӣ эътироф шудааст. Таҳлили илмии равандҳои сиёсии пасошуравӣ нишон медиҳад, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист забони модариро аз вартаи маҳдудшавии функсионалӣ наҷот дода, онро ба заминаи иттиҳоди тамоми сокинони ҷумҳурӣ табдил диҳад. Дар шароити буҳрони сиёсии солҳои навадум, ки ҷомеа дучори парокандагии идеологӣ ва сохторӣ гардида буд, забони давлатӣ ҳамчун унсури ягонаи пайвандкунандаи қатламҳои гуногуни ҷомеа хизмат намуд. Ин раванд собит сохт, ки бе ҳифз ва рушди забони милливу давлатӣ, таъмини ваҳдати пойдор ва нигоҳдории соҳибихтиёрии давлат ғайриимкон аст.
Аз нуктаи назари такмили сохтори ҳуқуқӣ, марҳилаи нави рушди забон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009) оғоз гардид, ки иқдоми шахсии Роҳбари давлат буд. Ин ҳуҷҷат ивазкунандаи қонуни соли 1989 гардида, мақоми ҳуқуқии забони тоҷикиро ҳамчун забони истисноии коргузории расмӣ, қонунгузорӣ, таълим ва муносибатҳои байналмилалии мамлакат устувор намуд. Факти таърихии муҳим он аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин чорабинӣ танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки ба як унсури муҳими идеологияи давлатӣ барои таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва ҳамбастагии сокинони мамлакат табдил ёфтааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бо таълифи асари монументалии дуҷилдаи «Забони миллат — ҳастии миллат» (солҳои 2016 ва 2020) саҳми илмии сазовор гузоштанд. Ин тадқиқоти амиқи фундаменталӣ таърихи ташаккул, рушд ва марҳилаҳои фоҷиабору пурифтихори забони тоҷикиро аз замонҳои қадим то даврони муосир фаро мегирад. Роҳбари давлат дар ин асар исбот намуданд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо сипари муҳимтарини ҳифзи халқи тоҷик аз нестшавии этникӣ ва фарҳангӣ буд. Омӯзиши ин асар дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ имкон дод, ки заминаи назариявии ҳувияти миллӣ устувор гардида, масъулияти шаҳрвандон дар баробари ҳифзи ин мероси ниёгон афзоиш ёбад.
Дар соҳаи сиёсати амалии тибқи ваҳдат, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) яке аз қадамҳои сохтории муҳим гардид. Ин мақомот вазифадор шуд, ки ягонагии фазои забониро дар ҷумҳурӣ назорат кунад, истилоҳоти илмию техникиро бо назардошти табиати забони тоҷикӣ танзим намояд ва аз воридшавии унсурҳои бегона пешгирӣ кунад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки тозагии забон ин тозагии руҳи миллат аст ва маҳз тавассути яксонсозии истилоҳот ва қоидаҳои имло, ҳамгироии фарҳангии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва устувории ваҳдати маънавӣ таъмин мегардад.
Ташаббуси дигари стратегии Роҳбари давлат, ки мустақиман ба таҳкими ваҳдат, худшиносӣ ва пайванди маънавии ҷомеа алоқаманд аст, ба роҳ мондани тарҷума ва дастрасии умумихалқии шоҳкориҳои бузурги фарҳангиву динӣ мебошад. Пешвои миллат аввалин шуда, тарҷумаи тоҷикии китоби муқаддаси «Қуръон»-ро бо теъдоди калон чоп ва ҳамчун туҳфа ба ҳар як хонаводаи ҷумҳурӣ дастрас карда шуд, ки ин иқдом кафолати эҳтиром ба арзишҳои динии мардум ва пешгирии хурофоту ифротгароӣ гардид. Дар канори ин, бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ҳамосаи безаволи ватандӯстӣ — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва китоби мондагори академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба таври ройгон ба ҳар як оилаи Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
Хулоса, дар консепсияи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони давлатӣ унсури калидии амнияти миллӣ ва заминаи устувори Ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат, забони тоҷикӣ ба сифати забони сиёсат, илм ва дипломатия дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дод. Ин дастовардҳо эътимоди миллатро ба ояндаи дурахшони худ афзуда, ваҳдати сиёсиву сохтории ҷумҳуриро бо ваҳдати маънавӣ ва фарҳангӣ мукаммал сохтанд, ки ин кафолати асосии устувории давлати мо дар асри XXI аст.
Ҳамин тавр, фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқарорсозии сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳими рушди давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз музокироти сулҳ то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, аз таҳкими ваҳдати ҷомеа то баланд гардидани мақоми байналмилалии мамлакат, ҳамаи ин равандҳо бо сиёсати давлатсозӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллат робитаи зич доранд. Аз ин рӯ, омӯзиши ин таҷриба барои фаҳмиши қонуниятҳои сулҳофарӣ, давлатсозӣ ва рушди ҷомеа аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ дорад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!






