СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ аслитарин унсури ташаккулу такомули ҷомеаи ҳар давлати дар роҳи демократӣ қадамгузор мебошад. Дар душвортарин марҳилаҳои таърихӣ халқи тоҷик бо истифода аз захираҳои неруи маънавии худ тавонистааст буҳронҳои хатарноки мудҳишро пушти сар гузорад.
Бо тавассул ҷустан ба ваҳдату иттиҳод хунинтарин марҳилаҳо дар таърихи халқи мо ба хотири ҳифозат аз фарҳанги миллӣ, ҳувияти миллӣ, русуми миллӣ, ақида, мазҳаб ва оинҳои мутараққии миллӣ аз шиддаташон коста ва бо тааммулу таҳаммули бошарофат сипарӣ гардидаанд. Бозтоби ин падидаи маънавӣ дар адабиёти деринасоли мо пешинаи бисёр қадим ва гуногун доштааст.
Гузаштагони бофарру бофарҳанги мо ба мафҳуми ваҳдату ягонагӣ, ки сарвати бебаҳо маҳсуб мегардад, бо диди шоиста барои пойдории оромиву амнияти мамлакат назар кардаанд.
Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикии форсӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ, дӯстиву ҳамбастагии халқҳо ва тарғибу ташвиқи ваҳдати халқу қавмҳои сокини мамлакат будааст. Муҳаққиқони адаби форсии тоҷикӣ ин ғояҳоро баргирифта аз адабиёти бостонии қавмҳои ориёӣ медонанд, ки намунаҳои он имрӯз дар дастраси мардуми ҷаҳонанд.
Ҳанӯз дар китоби муқаддаси «Авасто» мо ба пораҳое бармехурем, ки огандаи беҳтарин андарзҳои раҳнамудӣ ба ҳамбастагӣ ва зиндагии шоиста, некӣ ба ҳамнавъон, шоду пок зистан, хостори рӯшноӣ шудан, барои ободонии мамлакат ва ҷаҳон кӯшидан, дар ҳолатҳои зарурӣ хашмро фурӯ бурдан, дурӯғ нагуфтан, обу ҳаво ва хоку оташро муқаддас дониста, барои покии онҳо талош варзидан, ҳимоят аз ҷонварон, рустаниҳо, риояти ҳуқуқу озодиҳои афроди ҷомеа ва дигар масоиле, ки ниёзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо ва ҳаллу таҳаққуқи онҳо бештар шудааст, зеро он ҳама хушунат, зулм, даргириҳо ва фоҷиаҳои гуногун ба ахлоқу сиришти инсонҳо таъсири манфии муассире гузоштааст, ки барои ҳамаи мо равшантар аз офтоб аст.
Бисёре аз ҳосили хомаҳои адибони номвари гузаштаи мо дар мавриди ваҳдату ҳамбастагии халқу миллат ва қавмҳо забонзади оламиён гаштааст, ки такрори онҳо дар ин ҷо зиёдагӯйӣ мешавад. Мо ҳамин қадар ёдрас менамоем, ки ин мавзуъ аз мавзуъҳои ҷовидонӣ ва ҳамешагии забон ва адабиёти бадеӣ будааст ва бузургони адабиёти мо дар тасвири ҷилваҳои гуногуни ин мавзуъ доди сухан додаанд, ки ҳатто баъзе аз мисраъҳои он мақоми умумибашарӣ пайдо кардаанд, мисли ин байтҳои Шайх Саъдии Шерозӣ:
Бани Одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дардоварад рузгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ.
Бузургтарин ҳамосаи миллии тоҷикон «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ маҳз ба хотири якпорчагии мамлакат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва барангехтани ифтихороти миллӣ суруда шудааст. Мутолиаву баррасии ин шоҳасар бар он медорад, ки Фирдавсӣ онро дар ҷойи холӣ насурудааст, пешзаминаҳои фаровоне дар ин мавзуъ вуҷуд доштааст, ки «Худойномак»-ҳо, «Шоҳнома»-ҳои манзуму мансур, сиярул-мулукҳо гувоҳи онанд, ки дар замони ҳукумати миллии Сомониён ва пешгузаштагони онҳо Тоҳириёну Саффориён руҳияи миллӣ ва вахдати миллии сокинони Мовароуннаҳру Хуросон бар асари сиёсати ҳокимони маҳаллӣ бо суръат боло гирифта, таваҷҷуҳ ба адабиёти гузашта ва ифтихороти миллӣ бештар гардид. Он ба адабиёти ин давра, яъне то омадани бегонагон ва нуфузи онҳо, таъсири босамаре гузошт, ки то замонҳои хеле баъд мо нишонаҳои онро дида метавонем, зеро ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгароанд».
Мо бояд воқеиятро дарк намоем, ки ваҳдати миллӣ бидуни ҳувияти милли муяссар намегардад ва ҳувияти миллии мо замоне комил мегардад, ки бузургони гузаштаи хеш ва ифтихороти миллиро на танҳо аз ёд бибарем, балки онҳоро шиносем, биёмӯзем ва барои наслҳои имрӯзӣ ва баъдӣ онҳоро шиносонем, зеро роҳи ояндаи моро, роҳи тайкардаи гузаштаи халқамон равшан, муайян ва мушаххас месозад.
Омӯзишу баррасии ғояҳои ёдшудаи адабиёти классикӣ имкон медиҳад, ки мо сулҳу ваҳдатро ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангамон қабул кунем ва ҳувияти миллии худро такмил ва ифтихороти миллиамон пуршукуҳ ва ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад».
Шеър ва адаби тоҷикии форсӣ аз қадамҳои аввалини худ ҳамчун мубаллиғи афкори олию лоязолӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, худро ба намоиш гузошт. Аз ин рӯ, диққати аҳли оламро ба худ ҷалб намуд. Осори безаволи Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва дигарон саршор аз ҳамин гуна мавзуъҳои муҳиму инсондӯстонае мебошанд, зеро рӯзгори Сомониён на танҳо хештаншиносӣ, рӯзгори истиқлолу худогоҳии миллӣ, балки тантанаю тараққӣ ва такомули илму дониш, ҳамзистии осоишта, тафоҳум, сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар таърих шинохта шудааст.
Шеъри устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун намунаи нахустини ашъори сулҳхоҳонаву инсонпарварона дар шеъру адаби мо маълум ва машҳур аст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
***
Ҳама ниюшаи хоҷа ба некую ба сулҳ аст,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаю ғавғо.
Албатта, адибони баъдӣ ин суннати неки сухансароёни пеш аз худро идома дода, дар ин замина осори зиёди пурарзиш офаридаанд ва ҳамчун тарғибгари сулҳу мадоро, ваҳдату ҳамдилӣ худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Осори Фирдавсӣ, Низоми, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Ҷомӣ ва ғайра дар ин мавзуъ ба мо маводи фаровон ва дархури аҳамият медиҳанд. Аммо ҷилои равшани ин мавзуъҳоро мо дар адабиёти муосир мушоҳида менамоем. Асарҳои устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон саропо фарогири ҳамин мавзуъҳо мебошанд. Чунончи, устод Айнӣ дар мақолаи «Халқи советӣ ба тарафдории сулҳ, ба муқобили ҷанг овоз медиҳад», ки соли 1951 иншо шудааст, мегӯяд: «Сулҳ» ва «ҷанг»-ин ду калимаи кӯтоҳи якҳиҷоӣ тамоман зидди якдигар буда, дар айни замон ҳар як аз инҳо як олам маънии зидди ҳамдигарро ифода мекунанд. Сулҳ ин парвариши кӯдакон, таълиму тарбияи ҷавонон, осоиши пирон хушбахтии оилаҳо, ободии ҷаҳон… аст. Ҷанг ин фоҷиаҳои тоқатфарсо, маҳв шудани кӯдакон, кушта шудани ҷавонон, боазобу уқубат ба охир расидани ҳаёти пирон, бадбахтии оилаҳо, харобӣ ва вайронии ҷаҳон… аст.
Мамлакати васеи советӣ аз аввалин рӯзи ба вуҷуд омадани Давлати Советӣ худро тарафдори сулҳ, эълон кард ва сиёсати сулҳпарваронаи худро дар пеши ҷаҳониён исбот намуд». Устод Абдулқосим Лоҳутӣ низ ҳамчун устод Айни сулҳу амният ва ваҳдату ҳамдилии мардуми моро дар осораш тараннум менамояд ва, хусусан, дар шеърҳои «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем» ва ғайра сиёсати ҷангҷӯёнаи мамлакатҳои ҷангҷӯйро фош менамояд ва ҳамчун мунодаи сулҳу вақлат садои худро баланд мекунад. Масалан, ӯ бо хитоб ба аҳли ҷанг чунин мегӯяд:
Гар ту хоҳӣ, ки чу марди майдон
Ҳунари худ бинамоӣ ба ҷаҳон,
Хезу бо халқи ҷаҳон шав ҳамдаст
Дар сафи сулҳ, ки мардӣ ин аст!
Аммо устод Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири мо ҳамчун вассофи бузурги дӯстӣ, сулҳ, ваҳдат ва тараннумгари озодию истиқлол ном баровардааст. Ӯ қариб дар тамоми шеъру достонҳояш аз сулҳу дӯстию якдилӣ ва ваҳдати инсонҳо сухан мегӯяд. Бавижа шеъри «Дӯстонро гум макун»-и шоир, ки ба шиори мардуми сулҳдӯсту ваҳдатгаро табдил ёфтааст, вирди замони ҳамагон мебошад:
То тавони дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун…
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!
Бояд махсус таъкид намуд, ки забон тавассути адабиёт аз асоситарин бахшҳои афкори манънавии ҷомеа аст, ки ба зиндагии мардум ҳамеша таъсиргузор будааст. Бахусус адабиёти ду асри охир, ки худ дар ҷараёни ҳодисоти муҳими иҷтимоиву сиёсӣ тавлид шудааст, ҳамеша ҳамсадову ҳамнаво бо воқеаҳои доғи рӯзгор буд ва адибони бедордилу пурҳунар равшангарони афкори ҷомеа ба шумор омадаанд. Ин ҳама рисолати иҷтимоии забону адабиёт дар замони дастёбии миллати тоҷик ба ҳаёти нави замони Истиқлол ҷилои тоза гирифта, он дар шеъри адибони тоҷик ба тасвиру таҳлил ва тавсифи тоза кашида шуд.
Ваҳдатро аҳли адаби мо дар иртибот бо нишон додани оқибатҳои бади ҷанги шаҳрвандӣ, таъкиди моҳиятан беманӣ ва хавфи ҷиддӣ барои миллат доштани он, тарғиби дӯстии мардуми манотиқи гуногуни мамлакат, якдигарфаҳмӣ афзалият додан ба манфаатҳои миллӣ, эҳтиёт ва ҳимояи диёр, таъмини рушду такомули кулли манотиқи диёрамон тасвир менамоянд. Мо дар осори Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Низом Қосим, Қутбӣ Киром, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Зиё Абдулло, Фарзона, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Рустами Ваҳҳоб ва дигарон ба намунаҳои хуби шеърҳое вомехурем, ки дар онҳо аз истиқлолият, дӯстӣ, ваҳдат, якпорчагии миллат сухан меравад. Ин ашъор, ки аз самими дил ва масъулияти ватандорӣ навишта шудаанд, дар тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллии мардуми мо, ба вижа ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳури мебошанд, нақши муҳим мебозанд. Чунончи, устод Лоиқ мегӯяд:
Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,
Ҳама қатраҳоему дарё шавем.
Вобаста ба ин адибони тоҷик суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барномаи амали худ карданд, ки гуфта буданд: «Ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафти ҷомеа, рушди иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардум маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудаии сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».
Ба ҳамин сабаб ҳаст, ки аҳли адаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз ҳама дар ташвиш афтоданд, тарафҳои даргирро ба ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оштӣ даъват карданд. Ҳарчанд вазъ танг омадаву зоҳиран «фарёд бефарёдрас» (Лоиқ) шуда буд ва аз ноумедӣ суоле пеш меомад, ки: «Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?» (Ашур Сафар), боз ҳам аз камонбадастон даъват ба амал оварда шуд, ки яроқро ба замин гузоранд (Лоиқ, Қутбӣ Киром), садои шоиронаи «Тоҷикистонро қисмат макун» (Камол Насрулло), «Қимати ҷон Ватан аст» (Низом Қосим) баланд гардид. Мақолаҳои Гулназар, Абдуҳамид Самад, Урун Кӯҳзод, Саттор Турсун ва дигарон алайҳи ҷанги шаҳрвандӣ ва даъват ба тафоҳуми тарафҳои даргир ба миён омад.
Ниҳоят сулҳи тоҷикон ва ба тафоҳум расидану ба ҳам омадани миллати даргиру пароканда, ки ормони аҳли адаб ва тамоми мардуми равшандили тоҷик буд, фаро расид. Аҳли адаб ба дарки бадеии мавзуъ расиданд ва ба қавли устол Лоиқ:
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад…
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!






