Шаҳри бостонии Истаравшан аъзои Шурои ҷаҳонии ҳунармандон мешавад

Июль 7, 2024 10:00

СУҒД, 07.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Комиссияи кории Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон ба шаҳри зебои Истаравшан ташриф овард. Ноиби Котиби генералии Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, масъули минтақаи Осиёи Ҷанубӣ (Шри-Ланка) Сампат Эрахапола ва ноиби роҳбари Шурои ҳунармандон дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, масъули Осиёи Марказӣ (Қазоқистон) Айдархан Кулиев бо маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Истаравшан шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Зимни суҳбати Раиси шаҳри Истаравшан бо меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Истаравшан дар тӯли ҳазорсолаҳо дар масири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим арзи ҳастӣ дошта, дар минтақа аз шаҳрҳои қадима маҳсуб меёбад. Сокинони ин шаҳр асосан бо ҳунармандию тоҷирӣ, кишоварзию чорводорӣ машғул буда, тӯли садсолаҳо аҳолии маркази шаҳр асосан бо ҳунармандӣ ном баровардаанд. Аз ин лиҳоз минтақабандии маркази шаҳри Истаравшан ба гузарҳо тақсим гардида, ҳар гузар бо номи ҳунаре пайванд аст, ба амсоли чармгарон, собунгарон, кордгарон, мехчагарон, саллабофон ва дигар гузарҳо.

Сампат Эрахапола пас аз шиносоӣ бо ҳунарҳои қадимаи ҳунармандони шаҳр иброз дошт, ки барои эътирофи Истаравшан ба ҳайси шаҳри ҳунармандӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

«Воқеан шаҳри Истаравшан нахустин ташаббускор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои шомил гардидан ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ муроҷиат намуд», — баён дошт Айдархан Кулиев.

Таъкид гардид, ки ҳайати комиссия барномаи кории пешниҳодшударо қобили қабул дониста, изҳори боварӣ карданд, ки дар доираи он имконият фароҳам аст то бо ҳунармандию ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз наздик шинос шаванд ва хулосаи хешро барои ҳайати бонуфузи Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ оид ба эътирофи шаҳри Истаравшан ҳамчун шаҳри ҳунармандон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ созанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Июль 7, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад