«ШИРКЕНТ»-И НОМДОР. Дар ин истироҳатгоҳ зиёда аз 1000 нафар таътили тобистонаро бофароғат гузарониданд

Июль 14, 2024 15:27

ТУРСУНЗОДА, 14.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар се басти истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода зиёда аз ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд. Имрӯзҳо дар басти сеюми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 220 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Дарвоз, Данғара ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ истироҳат намуда истодаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҳар як басти истироҳатгоҳи мазкур кӯдакону наврасони ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» ва иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногун ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин дар басти сеюм кӯдакону наврасони ятими кули шаҳри Турсунзода ва дигар шаҳру ноҳияҳо истироҳат намуда истодаанд.

Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шамшод Фозилзода иброз дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» тамоми шароитҳои заруриро муҳайё намудем.

«Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шуда, ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар се басти истироҳатгоҳ зиёда аз ҳазор нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва хонандагони мактабинтернатҳои ҷумҳуриявӣ кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шуданд»,-афзуд номбурда.

Директори мавсимии истироҳатгоҳи «Ширкент» Ҷалолиддин Холов гуфт, ки истироҳатгоҳ бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулиятҳое мебошад, ки барои кӯдакон писанд аст.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!