Смартфонҳои беҳтарин бо интернети босуръат

Июль 8, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Суст кор мекунад» ё «гум мешавад»-бо ин тарз метавон ба таври мухтасар фикру мулоҳизаҳои гуногунро дар бораи сифати пайвастагиҳои интернет дар телефонҳои гуногун баён кард. Агар интернет ба таври дилхоҳ кор накунад, пас сабаб дар чист: дар танзимоти шабака, намуд ва барномаи дохилии смартфон?

Мушкилӣ дар чист

Ҳангоми арзёбии сифати пайвастагиҳои интернет мутахассисони алоқа параметрҳои зиёдеро истифода мебаранд. Суръати қабул ва таҳвили маълумот, устувории пайвастшавӣ аз муҳимтаринҳо ба ҳисоб мераванд. Инчунин вақти таъхири сигнал, ба истилоҳ пинг низ муҳим аст: он ҳар чӣ қадар хурдтар бошад, суръат ҳамон қадар баландтар аст, ки барои зангҳои видеоӣ ё бозиҳои онлайн муҳим мебошад.

Ба сифати интернет мавҷи сигнал ва намуди шабакаи мобилӣ, ки дар он смартфон кор мекунад, таъсир мерасонад. Масалан, дар 3G суръати дастрасӣ метавонад нисбат ба 4G/LTE даҳ маротиба сусттар бошад. Аммо, аксар вақт чунин рӯй медиҳад: дастгоҳ 4G-ро нишон медиҳад, дар кунҷи рости болоии дисплей «хатҳои мавҷ» бисёранд — яъне сигнал устувор ва мукаммал аст, алоқа бо пойгоҳи наздиктарини базавӣ хеле хуб аст, аммо интернет ҳанӯз ҳам суст кор мекунад. Сабаб дар чӣ бошад?

Аён аст, ки дар худи смартфон – иқтидори протсессор, ҳаҷми хотираи оперативӣ, намуди антеннаи васлшуда, барномаи дохилии телефон. Агар соҳиби гаҷет муддати тӯлонӣ ТБ-ро навсозӣ накарда бошад ва кэшро тоза накардааст, ин метавонад аллакай боиси сустшавӣ гардад.

Сабаби дуюм шумораи замимаҳои мобилии дар телефон фаъолкардашуда мебошад. Агар онҳо миқдори зиёди трафикро сарф кунанд, эҳтимол аст, ки смартфон аз уҳдаи ҳамааш набарояд. Аниқтараш, онҳо кор мекунанд, аммо на он қадар зуд. Бояд ба назар гирифт, ки замимаҳо аксар вақт ба таври нонамоён кор мекунанд, ҳатто агар муштарӣ айни замон онҳоро истифода набарад. Ин ҳам ба сифати интернет таъсир мерасонад. Инчунин ба смартфон метавонанд барномаҳои зараровар ворид шуда, маълумотро бубаранд ва кори тамоми дастгоҳро суст намоянд…

Роҳи ҳал чӣ бошад

Роҳҳои ҳал аз худи мушкилот вобаста мебошанд. Маълум аст, ки кэш бояд мунтазам тоза карда шавад, таъминоти барномавӣ навсозӣ гардад, барномаи зиддивирусӣ истифода шавад ва замимаҳои нонамоёни нолозим хомӯш карда шаванд. Инчунин неруи сматрфон сари вақт пур карда шавад – бинобар сабаби сатҳи пасти неру он метавонад суст кор кунад.

Аммо шояд смартфони куҳна аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада наметавонад. Пас танҳо ягона роҳи ҳал вуҷуд дорад: намуди муосиртарро интихоб кардан лозим аст.

Ин усули муҳим аст, аммо аксар вақт бо чунин тарз метавон дастгоҳи дорои интернети баландсуръатро ба даст овард. Бояд гуфт, ки дар бозор ҳанӯз намуди смартфонҳое фурӯхта мешаванд, ки дар онҳо шабакаи 4G фаъол набуда, дар бораи наслҳои минбаъдаи алоқа алъон сухан гуфтан барвақт аст. Мутаносибан, онҳо то суръатҳои лозимӣ баромада наметавонанд.

Илова бар ин, бо тафовути ҳамагӣ чанд сол, истеҳсолкунандагон смартфонҳоеро мебароранд, ки аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар намудҳои нав ҳам протсессорҳо бақувваттаранд, ҳам хотира васеътар ва ТБ мукммалтар аст. Дар маҷмӯъ, ҳатто агар «хатҳои мавҷ» кам бошанд ҳам, чунин ҳолатҳои техникӣ барои интернети босуръат мусоидат менамоянд.

Инчунин мафҳуме ба монанди агрегатсияи басомадҳо вуҷуд дорад (Carrier aggregation, CA) — технологияе, ки имкон медиҳад якчанд басомад дар як канали таҳвили маълумот муттаҳид шаванд. Ҷузъиёти техникиро шарҳ додан зарур намешуморем, аммо барои муштарӣ натиҷаи асосии «зичшавӣ» афзоиши суръати боргирӣ ва таҳвили маълумот маҳсуб меёбад. Хуллас, намуди смартфонро интихоб кунед — бубинед, ки оё технологияи CA дар он дастрас аст.

Агар ба назар чунин намояд, ки дастгоҳ куҳна шудааст ва вақти харидани дастгоҳи нав фаро расидааст, тавсия медиҳем, ки дастгоҳро бо ёрии барномаҳои махсус бисанҷед. Дар ин ҷо баъзе мисолҳо аз дастрасии озод оварда шудаанд.

Чиро бояд интихоб кард

Кадом смартфонҳои дар Тоҷикистон фурӯхташаванда ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, суръати баланди интернетро кафолат медиҳанд? Дар ҷадвал панҷ намунаро дар категорияҳои гуногуни нархҳо ҷамъоварӣ намудем. Ба хусусиятҳои техникӣ ва андешаҳои истифодабарандагон таваҷҷуҳ кардем (албатта, дар мағозаҳо пешниҳодҳо бештаранд).

Намудҳои муосири сатҳи олӣ Категорияи нархи миёна Намудҳои камхарҷ

Чӣ тавр смартфони худро санҷидан мумкин аст

Санҷишҳои суръат:

Speedtest.net

Ookla Speedtest

Fast.com (суръати боргирии видеоро нишон медиҳад)

Meteor (App Store)

Meteor (Google Play)

Санҷишҳои пинг:

Ping.pe

Ping Plotter (Windows)

Санҷишҳои қобилияти гузариш:

Bandwidthplace.com

Ookla Speedtest

Оё смартфон натиҷаҳои паст нишон дод? Вақти хариди смартфони нав фаро расид!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Июль 8, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ» натиҷагирӣ гардид
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд