Соли 2024 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2024 83 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба озмуни чоп пешниҳод гардида, 47 номгӯйи онҳо ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд, иттилоъ дода шуд имрӯз, зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Айни замон чопи 36 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдодӣ умумии 1 миллион 570 ҳазор нусха идома дорад, ки давра ба давра давоми сол нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас мешавад», — гуфт Вазири маориф ва илм.
Дар ин давра ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ 3 миллиону 400 ҳазор нусха китоби дарсӣ дастрас шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 900 ҳазору 184 нусха зиёд мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷон САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






