Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад

Июль 25, 2024 17:28

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт соли 2024 бунёди 4 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 336 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 3 корхона бо таъсиси 301 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуда, 1 адади дигари он то охири сол ифтитоҳ мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иттилоъ дода шуд.

Раиси ноҳия Тоҷиддин Саид иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳияи Сино 321 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 72 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

«Дар моҳҳои январ — июни соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 907,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 123,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 115,5 фоизро ташкил медиҳад»-гуфт Раиси ноҳия.

Иброз гардид, ки саноат яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолот буда, ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ нақши муҳимро мебозад. Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ тақозо менамояд, ки дар истеҳсолот дастовардҳои илму техникаи муосири рақобатпазир ҳар чи бештар татбиқ карда шаванд.

Ëдовар мешавем, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ солҳои 2022 — 2026, «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Максади асосии ин ҳадаф муҳайё намудани шароит барои корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, ҳар чи бештар бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф давоми солҳои 2022-2026 дар ҳудуди ноҳия 24 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1299 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар ин раванд мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомот, соли 2022 бунёди 5 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 155 ҷойи корӣ ва соли 2023 низ бунёди 5 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 324 ҷойи корӣ, дар маҷмуъ таи ду сол сохтмони 10 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 479 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, дар натиҷаи бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва ҳамкории мақомот бо соҳибкорон дар асл 14 корхона бо таъсиси 606 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Зоҳирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид