Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд

Июль 25, 2024 13:56

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 1601 медал гардиданд, иттилоъ дод муовини Раиси ноҳия Манижабону Аминзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

«Аз ҷумла, онҳо дар ин давра соҳиби 530 медали тилло, 474 нуқра ва 597 медали биринҷӣ гардиданд», -афзуд номбурда.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои рушди варзиш дар ноҳия 12 толори варзишӣ, 73 майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона дар истифодаи умум мебошанд, ки ба онҳо зиёда аз 2000 нафар ҷавон ва наврас ҷалб шуда, аз рӯйи намуди варзиши футбол машғулиятҳо мегузаранд.

Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия байни ҷавонону наврасон 710 чорабинӣ дар самтҳои ҷавонон ва варзиш бо фарогири 66 ҳазору 300 нафар баргузор гардид, ки барои рушди соҳа мусоидат намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд