Соли равон дар Тоҷикистон 34 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд

Июль 15, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли равон 34 муассисаи тандурустӣ ба маблағи умумии 44,1 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра 110 муассисаи тандурустӣ ба маблағи умумии 14,6 миллион сомонӣ таъмир карда шудаанд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,83 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии шаҳри Истаравшан, Маркази хусусии урологӣ-андрологии «Микролаб» ва маркази тиббии «Клиника 1+1» дар шаҳри Хуҷанд, Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки 24 майи соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 1 гектар замин сохта шуда, дорои 153 ҳуҷраи корӣ, 3 дорухона, 5 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ бо технологияи нав, 40 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.

Айни замон дар марказ 475 корманд фаъолият дошта, аз нисф зиёди онро занон ташкил медиҳад, ки ин самараи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занону бонувон ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад.

Дар Маркази саломатии бисёрсоҳа барои ташхису табобати тамоми бемориҳо, аз ҷумла гӯшу бинӣ, чашм, гулӯ, қанд, дилу рагҳо, саратон, узвҳои даруна, гурда, бемориҳои рӯҳӣ, асаб, бемориҳои сироятӣ шароити муосир муҳайё шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтар гардидааст.

АКС:АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд