Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд

Июль 25, 2024 10:41

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавриди тазаккур аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори ҷумҳурӣ ба мамлакат ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

Ба қавли таърихшиносон, дар замони то истиқлол иншооти зиёди бостонӣ ба нобудӣ расиданд ва ба онҳо то андозае камаҳамиятӣ зоҳир мегардид.

Мояи хушҳолист, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 бармеоянд, дар мамлакат Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси ин ниҳод густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, инчунин рушди сайёҳӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд, ки 11 апрели соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иброз намуданд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд».

Бояд гуфт, ки солҳои охир Ҳукумати мамлакат, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррасро амалӣ намуд. Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2024 Тоҷикистон 11 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намуд, ки ин ёдгориҳо «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор), «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ, барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021 — 2025»-ро қабул намудааст, ки онҳо барои ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ дар дохили давлат мусоидат менамоянд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025», соли 2021 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 3375 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 390,0 ҳазор сомонӣ, соли 2022 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 6915,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 790,0 ҳазор сомонӣ ва соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 5597 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 810,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамин тариқ, давоми солҳои 2021-2023 барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ 8745,0 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба нақша 57,9 фоизро ташкил медиҳад, ҷудо гардидаст, ки аз ин мутаносибан соли 2021- 1350,0 ҳазор сомонӣ, соли 2022 -2643,0 ҳазор сомонӣ ва соли 2023-4752 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо сарфи ин маблағҳо, аз ҷумла «Қалъаи Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, масҷиди таърихии «Шоҳи Хомуш» дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки «Тахти Сангин» дар ноҳияи Қубодиён, Мақбараи Хоҷа Сангхок» дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои Хоҷа Нақшрон», 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «ХОВАР»

АКС: АМИТ «ХОВАР»

Июль 25, 2024 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд