ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, чоршанбе, 213-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 31, 2024 08:00

31 июли соли 1994 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дод.

***

15 сол пеш, 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд.

***

31 июли соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мавзуъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.

***

31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар намуданд.

***

31 июли соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

***

Дар ин рӯз соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли равон дар мамлакат бо дарназардошти неругоҳҳои хурд беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт зиёд буда, суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин гардидааст.

31 ИЮЛ:

Рӯзи занони Африқо.

***

Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи падар.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ — соли  1943- шоир, драманавис, адабиётшинос, аъзои Шурои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи ба номи Деваштич.

Июль 31, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш