ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода байни омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмуни китобхонӣ таҳти унвони «Таътилро босамар гузаронем!» тариқи фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом ҳар як иштирокчӣ дар зодгоҳаш ё ҷои иқоматаш ҳангоми мутолиаи китоб акс гирифта, ҳамзамон дар бораи китоби хонда истодааш маълумоти мухтасар илова намуда, ба суроғаи шуъбаи таҳлил ва иттилооти донишгоҳ ирсол менамояд.
Бояд гуфт, ки ғолибон аз рӯйи акси китобхони беҳтарин, манзараи беҳтарин ва намунаи нақли беҳтарин аз рӯйи китоби мутолианамудаи иштирокчӣ аз ҷониби устодони факултети филологияи донишгоҳ ва истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар арафаи Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил карда мешавад, ҷамбаст мегардад.
АКС аз манбъаҳои боз








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






