Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси махзани тарҳҳои тиҷоратии давлатҳои аъзои СҲШ ҷонибдорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси махзани иттилоотии тарҳҳои тиҷоратии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷонибдорӣ менамояд». Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром-2024», ки дар Екатеринбург ҷараён дорад, изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Мо ҷонибдори онем, ки масъалаи таъсиси махзанҳои иттилоотии лоиҳаҳои саноатӣ ҳарчи зудтар дида баромада шавад. Дар навбати аввал ба мо зарур аст, ки ҳамкории кооператсиониро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таҳким бахшида, роҳҳои нави ҳалли некбинонаро пайдо кунем»,- иброз дошт Шералӣ Кабир дар ҷаласаи «Уфуқ- 2035: Созмони ҳамкории Шанхай – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ».
Вазир афзуд, ки таъсиси чунин пойгоҳро ҳанӯз пеш аз баррасии таҳияи воситаҳои муштараки молиявӣ ва механизмҳои суғурта дар Созмони ҳамкории Шанхай оғоз кардан лозим аст.
Дар Созмони ҳамкории Шанхай 10 давлат аъзои комилҳуқуқ ва беш аз 10 мамлакат шарикони муколама мебошанд.
8-11 июл дар Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром-2024» баргузор гардид, ки он яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои саноатӣ дар Русия ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буда, аз соли 2010 ҳамасола дар Екатеринбург баргузор мешавад. Бо истиснои соли 2020, ки баргузории намоишгоҳ бо сабаби пандемияи COVID-19 лағв карда шуд. Ҳукумати вилояти Свердловск ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид






