Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад

Июль 11, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Давоми солҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад. Мо, қатъиян ташаббусу амалҳои оқилона ва самаранокро ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дастгирӣ мекунем»,-изҳор намуд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Гуфта шуд, ки соли 2021 дар Шурои Вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шакли нав ва тавре таҷриба нишон дод,  шакли воқеан ҳам зарурии ҳамкорӣ ҷорӣ карда шуд. Ин шакли нави ҳамкорӣ баргузор намудани ҷаласаҳои роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидан ба муколамаи ҷонибҳо, васеъ намудани табодули таҷриба дар масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ эътироф шудаст.

«Имрӯз барои мо боиси ифтихор аст, ки чорумин Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Чунин мулоқот ва сафарҳои корӣ аз рушди муносибатҳо байни вазоратҳои мо гувоҳӣ медиҳанд. Мулоқоти имрӯза дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ мебахшад, ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои иттиҳодро дар самтҳои асосии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ  тақвият мебахшад. Ин ҳама ба мо имкон медиҳад, ки боз ҳам муттаҳид бошем», — илова кард Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода афзуд, ки  «мо имрӯз дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки моро ҳар рӯз бо хатарҳои нав ба нави шаклгиранда рӯ ба рӯ мекунад, хатарҳое, ки 30 сол пеш онҳоро тасаввур кардан мумкин набуд. Ҷиноятҳои кибернетикӣ, терроризми кибернетикӣ, муқовиматҳои дохилии мусаллаҳона дар сатҳи минтақа ва байнидавлатҳо, шиддат гирифтани муносибатҳои миллӣ ва байналмиллӣ, муҳоҷирати оммавӣ, доругирҳои сиёсӣ дар масъалаҳои сулҳ ва амният дар минтақаҳои алоҳида — ин ҳама мушкилоте ҳастанд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид доранд».

«Аз ҷумла, соли 2022 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд, давоми соли 2023 ва 5 моҳи соли 2024 зиёда аз 8 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои пешин 38 фоиз зиёд мебошад», — гуфт Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд