Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷонибаро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вазорату идораҳои марбути ҷонибҳо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш самтҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноат, инфрасохтор, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Мақсади чорабинӣ муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар ин замина густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ гардид.
Инчунин вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G баргузор гардида, самтҳои нави ҳамкорӣ муайян гардиданд.
Иштирокчиён ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории гуногунҷанба ва бисёрҷанба дорад, ки бевосита дар баланд бардоштан ва густариши равобити Тоҷикистон бо мамлакатҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом нақши муассир дорад. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба роҳ монда шуд.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии Арабистони Саудӣ барои ҷалб намудани сайёҳон ба Тоҷикистон ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва осоишгоҳҳои мамлакатро метавон намунаи аз тақвияти ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ унвон кард.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






