Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷонибаро таҳким мебахшанд

Июль 25, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/.  25 июл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ва  вазорату идораҳои марбути ҷонибҳо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш самтҳои энергетика,  кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноат, инфрасохтор, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Мақсади чорабинӣ муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар ин замина густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Инчунин вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G баргузор гардида, самтҳои нави ҳамкорӣ муайян гардиданд.

Иштирокчиён ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории гуногунҷанба ва бисёрҷанба дорад, ки бевосита дар баланд бардоштан ва густариши равобити Тоҷикистон бо мамлакатҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом нақши муассир дорад. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии Арабистони Саудӣ барои ҷалб намудани сайёҳон ба Тоҷикистон ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва осоишгоҳҳои мамлакатро метавон намунаи аз тақвияти ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ унвон кард.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда