«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ 525 довталаб роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 525 довталаб иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи муқаррароти Низомнома, аз 10 то 25 июни соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид.
Дар даври дуюми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 330 нафар иштирок намуда, 82 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт.
Аз 896 нафари даври дуюм дар вилояти Хатлон 136 нафар ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм аз вилояти Суғд аз 763 нафар 115 нафар, аз шаҳри Душанбе аз 348 нафар 115 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 350 нафар 77 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми озмун 2755 нафар довталаб иштирок намуда, аз он 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, коллеҷҳои санъат, рассомӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳоии ҳунарии назди шуъбаву бахшҳои фарҳанг ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд, гузаронида хоҳад шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад






