«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Июль 2, 2024 13:37

ДУШАНБЕ, 02.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июл бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мегардад. Дар озмун ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои мамлакат  иштирок намуда, ҳунари  кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, попурӣ, намадбофӣ,  қолинбофиро  муаррифӣ менамоянд.

 Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад, озмун соати 8:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе  баргузор гардида, он ҷиҳати иҷрои банди 33 «Ҷадвали баргузории чашну солгард, фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» амалӣ мегардад.

Ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти онҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июль 2, 2024 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд