«Узбекистон Онлайн»: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд

Июль 15, 2024 11:08

ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш оператори инноватсионии мобилии «Анор» опсияи тарофавии «Узбекистон Онлайн»-ро ҷорӣ кард. Маъруфияти он дар чӣ зоҳир меёбад? Дар ин бора назари муштариёнро мефаҳмем!

Ҷаъфар Олимов, сокини Душанбе:

— Мо бо аҳли оилаамон сайёҳатро дӯст медорем. Имсол тасмим гирифтем, ки аз Самарқанд дидан намоем. Пеш аз сафар роумингро пайваст кардан мехостам, ба оператори худ муроҷиат кардам ва мутахассисони ширкати «Анор» дар бораи опсияи тарофавии «Узбекистон Онлайн» маълумот доданд. Бо 15 сомонӣ ман соҳиби 5 Гб трафики интернет гаштам, хеле дастрас аст!

Алишер Шерматов, соҳибкор аз Хуҷанд:

— Вобаста ба фаъолияти худ ман зуд-зуд ба Тошканд меравам, дар баробари ин ҳамеша бояд тавассути паёмрасонҳо дар алоқа бошам. Ба наздикӣ муштарии «Анор» гардидам ва вақте ки дубора ба Тошканд рафтам, дар рақами ман опсияи «Узбекистон Онлайн» ба таври автоматӣ пайваст шуд. Дар мавриди интернет нигарон набудам ва дар омади гап, барои алоқа аз ҳарвақта дида камтар маблағ сарф кардам!

Лола Қурбонова, донишҷӯ:

— Опсия барои бо дӯстону наздикон дар алоқа мондан ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муносиб аст. Ва муҳимаш, 15 сомонӣ – ин ҳатто барои донишҷӯён арзон аст. Варианти хуб барои сайёҳоне, ки ба Узбекистон ташриф меоранд.

Вақте ки баъди воридшавӣ ба Узбекистон муштарӣ ба истифодаи хизматрасониҳои мобилӣ шурӯъ мекунад – занг мезанад, SMS ирсол менамояд ё бо телефон вориди интернет мешавад, опсияи «Узбекистон Онлайн» ба таври автоматӣ фаъол мегардад. Инчунин опсияро метавон бо ирсоли USSD-дархости *305*65# фаъол кард.

Бо опсияи «Узбекистон Онлайн» аз оператори мобилии «Анор» дар Узбекистон сайёҳат кунед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июль 15, 2024 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад