Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, довталабон ба кор ба мансабҳои холии котиби сеюми шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, котиби сеюми шуъбаи ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, котиби сеюми шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои раёсати ташрифоти давлатӣ, котиби дуюми шуъбаи назорати коргузории раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ ва котиби дуюми шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ даъват карда мешаванд.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 13 августи соли 2024 ба вазорат равон намоянд.
Маълумоти муфассалро метавон дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-15-16, 227-54-56
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд






