Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат асоси воқеӣ надорад»

Июль 15, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, эълони мазкур асоси воқеӣ надошта, шаҳрвандон хабарҳои расмии вазоратро метавонанд дар ин ҷо (https://www.facebook.com/mlmert) ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj пайгирӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки чандест дар шабакаҳои иҷимоӣ эълоне паҳн мешавад, ки гӯё ба шаҳрвандоне, ки байни солҳои 1990-2024 кор кардаанд ҳақ доранд кумакпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ аз Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ) гиранд.

Қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прократураи генералӣ хабар дода буд, ки давоми як соли охир қаллобӣ дар интернет, яъне мардумфиребӣ бо истифодаи интернет зиёд шуда, баъзе шаҳрвандон, ки тарзи дурусти истифодаи интернетро намедонанд, ба ҳар гуна барномаҳои сохтаю бардурӯғи қаллобон бовар намуда, ба қаллобон рақамҳои суратҳисоб, корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё почтаи электрониашонро равон намуда, ба доми фиреби онҳо меафтанд. Қаллобон ба воситаи аккаунтҳои қалбакӣ ва наворҳои сохта (фейкӣ) бо баҳонаи кумак ба ниёзмандон ҳадафҳои қаллобонаашонро амалӣ месозанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳолатҳое, ки ошкор шудаанд тавсия медиҳад, ки истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар истифодаи интернет эҳтиёткор бошанд, зимни истифодаи он, қабули паёмаку тамошои видеонаворҳои сохта (фейкӣ), эълони бозиҳои интернетӣ, аз қабили лоторея, харид намудан аз интернет-мағозаҳо ва истифодаи дигар хизматрасониҳои интернетӣ ҳамеша ҳушёр бошанд ва ба хоҳишу бозиҳои қаллобони интернетӣ бовар насозанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 15, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид