«ЗИМЧУРУД». Дар ин ҷо 1000 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур, ки дар минтақаи Варзоб ҷойгир аст, имсол дар чор баст 1000 нафар мактаббачаи муассисаҳои таҳсилоти ноҳияи Шоҳмансурро ба истироҳат фаро мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Дар даври сеюми истироҳатгоҳ, ки аз 9 то 20 июл идома меёбад, 250 нафар мактаббача ба истироҳат фаро гирифта шудааст. Ҳамзамон дар ҳар як баст ба 20 нафар аз Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад.
Бояд гуфт, ки 30 нафар мураббияи ботаҷриба ба истироҳаткунандагон чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзии ҳамарӯзаро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор менамоянд.
Наврасон баробари фароғату истироҳат бо табиати бою рангини Тоҷикистон дар минтақаи Варзоб шинос шуда, давраи таътили тобистонаи худро хотирмон сипарӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 26 марти соли 2024, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» ва фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагони муасссаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи кӯдакону наврасони «Зимчуруд», ки бевосита дар тобеияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қарор дорад, тамоми тадбирҳо андешида шуда, имрӯзҳо кӯдакону наврасон дар шароити хуб истироҳат доранд.
АКС аз бойгонӣ








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






