Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: «Имсол 11880 нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд»

Август 7, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон 11880 нафар дар марказҳои таълими касбии низоми мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, ба 8820 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъйин ва пардохт гардидааст. Дар ин хусус 6 август зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти мазкур иброз гардид, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор, 483 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар натиҷа 12756 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шудаанд. Аз ҷумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳо 6587 нафар шахсони бекор соҳиби ҷойи кор гардида, ба 4812 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд. Ҳамчунин 1357 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.

«Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 106663 нафар шаҳрванд аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор гардида, иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 -2027 65,4 фоиз таъмин гардид»,- иброз гардид дар нишаст.

Акс: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд