Агентии обуҳавошиносӣ: «Дар Тоҷикистон ду моҳи охир омадани сел бештар мушоҳида гардид»

Август 13, 2024 18:26

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни имсол аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат 13 огоҳӣ оид ба омадани сел пешниҳод шуд. Дар ин давра 28 ҳолати омадани сел мушоҳида гардид. Моҳи июни соли равон нисбат ба моҳи июни соли 2023 омадани сел 9 ҳолат зиёдтар сабт шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин моҳи июл аз ҷониби мутахассисони агентӣ 15 пешгӯӣ оид ба омадани сел бо давомнокии 31 рӯз пешгӯӣ карда шуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 30 сел сабт гардид, ки нисбат ба моҳи июни имсол 2 сел зиёд мебошад.

Тавре муовини директори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Наҷибзода иброз намуд, ҳар пешгӯӣ бо давомнокии чанд шабонарӯз (яъне аз як то чор-панҷ шабонарӯз) амал мекунад, ки дар ин давомнокӣ чанд ҳолати омадани сел сабт мешавад. Яъне, дар як лаҳза метавонад дар ду-се минтақаи мамлакат омадани сел мушоҳида шавад.

Ба иттилои манбаъ, аз 13 то 15 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад.

Камолиддин Наҷибзода афзуд, ки имсол бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво аз нимаи дуюми моҳи июн сар карда, то моҳи август дар минтақаҳои кӯҳӣ ва қисмати ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Сангвор, Лахш, доманакӯҳҳои Ҳисор ва ҳавзаи дарёи Зарафшони вилояти Суғд омадани селҳои пиряхӣ пешгӯйӣ карда шуд.

Ба иттилои Камолиддин Наҷибзода, обшавии пиряхҳо раванди табиӣ мебошад, аммо даҳсолаҳои охир бо тағйир ёфтани иқлим ва баланд гардидани ҳарорат суръати он нисбат ба давраҳои пеш ташвишовар шудааст. Имсол дар минтақаҳои ҳавзаи дарёи Вахш, Зарафшон, Сурхоб, минтақаи Тоҷикобод ва ноҳияи Сангвор обшавии пиряхҳо бештар ва баръало мушоҳида мешавад, ки ба хоҷагии халқ хисороти калон ворид менамояд.

Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шудааст, ки шуруъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои мамлакат тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давоми 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар мамлакат дар водиҳо- дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр ва дар кӯҳҳо- дар баландии 2500 метр боло рафтааст, ки ин сабаби обшавии қисмати асосии пиряхҳо мегардад.

Камолиддин Наҷибзода иброз намуд, ҳарчанд ки аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат доир ба селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ огоҳӣ дода мешавад, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки масъулон ва сокинон фориғболӣ мекунанд, ки дар натиҷа зарари он баръало мушоҳида мешавад. Агар ҳарорати ҳаво дар мамлакат то моҳи сентябр баланд боқӣ монад, омадани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ низ аз эҳтимол дур нест.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 13, 2024 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд