Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид

Август 26, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он вазъи содиршавӣ, пешгирӣ, ошкоркунӣ ва амалияи тафтишотӣ–судӣ бо ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии таъминоти амволи махсус, ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, масъулони раёсатҳои молия ва буҷет, корҳои сиёсию тарбиявӣ, ақибгоҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва прокуророни ҳарбии гарнизонҳо иштирок карда, ибрози назар намуданд.

Талаботи қонуну оинномаҳо дар вазорату идораҳои ҳарбӣ, навъи қӯшунҳо ва қисмҳои ҳарбӣ дар ин самт иҷро шуда, дар маҷмуъ барои  даромад ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои пулӣ ва амволи махсус бобати таъмини хизматчиёни ҳарбӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд.

Новобаста ба ин, талаботи қонунҳо доир ба масъалаҳои гуфташуда дар баъзе маврид ба таври дахлдор иҷро нашуда, сабабу шароите, ки ба содиршавии ҷиноят мусоидат мекунанд, пурра бартараф карда намешаванд. Дар робита ба ин нисбат ба якчанд нафар масъулони сохторҳои ҳарбӣ, ки даст ба чунин кирдор задаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш шуда, бо ҳукми суд шахсони гунаҳкор ба ҷазо маҳкум карда шуданд.

Дар ҷаласаи шуро масъулони сохторҳои ҳарбӣ муваззаф карда шуданд, ки талаботи қонунҳоро бечунучаро риоя намоянд. Дар доираи талаботи қонунҳо масъалаи ба амал баровардани вазифаҳои хизматӣ, пурра даромаду хароҷот кардани маблағҳои буҷетӣ, маводи озуқаю амволи шайъӣ ва дигар намуди амвол, инчунин ба вазифаи сардорони хадамоти молияю хӯрокворӣ, амволи шайъӣ, мудирони анбор ва ошпазҳо таъйин намудани занон–хизматчиёни ҳарбӣ низ баррасӣ шуд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид