Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷҳизоти нави алоқа ва назорати видеоӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ барои воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти нави алоқа ва назорати видеоӣ дастрас гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Таҷҳизот бо мақсади таъсиси Системаи ягонаи автоматии алоқаи ҳолатҳои фавқулода харидорӣ карда шудааст, ки он аз системаи ретрансляторҳо, радиостансияҳо, системаи коммутатории ретрансляторӣ, стансияҳои сайёр ва радиостансияҳои сайёри стансияҳои моҳворавӣ иборат мебошад.
Ин техникаҳо имкон медиҳанд, ки алоқаи овозӣ, видеоӣ, паёмҳои матнӣ, ҷойгиршавӣ ва дигар воситаҳои иртибот дар системаи ягона ҷамъоварӣ, иваз ва коркард шавад. Он интиқоли босуръати маълумотро байни компютерҳо ва дигар дастгоҳҳои дохили шабака таъмин ва робитаи байни сохторҳои минтақавиро беҳтар мекунад.
Таҷҳизоти алоқа ва назорати видеоӣ ба шуъбаҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тақсим гардида, дар кӯли Сарез насб карда мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






