Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шаҳристон кумаки Ҳукумати Тоҷикистон дастрас гардид

Август 8, 2024 13:16

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба 5 оила аз ноҳияи Шаҳристон, ки бар асари селфароӣ зарар дида буданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳо дастрас гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки ба оилаҳои зарардида масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ супорида шуд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи сар задани офати табиӣ ба хонаҳои сокинони деҳаи Чашмасор ва Сароби ноҳияи Шаҳристон қисман зарари ҷиддӣ расид.

Шахсони аз офати табиӣ зарардида маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмониро дастрас намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва кумак миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

АКС:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Август 8, 2024 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад