БАЛАНДИИ ХОКБОРИШ ДАР ДУШАНБЕ ТО 6 КИЛОМЕТР САБТ ШУД. Дар Тоҷикистон чангу ғубор то 20 август боқӣ мемонад

Август 19, 2024 15:38

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавои чангу ғуборолуд то 20 август боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути асбобу таҷҳизоти муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet», фотометри офтобӣ ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН — МАКС-G ба даст оварда шудааст, хокбориш ба фазои Душанбе 16 августи имсол, соати 09:00 ворид гардид.

Таҳқиқот аз рӯйи таҳлили масири баръаксии чангу ғубор нишон дод, ки 16 август саршавии масири чанг аз сели ҳавое, ки 7 шабонарӯз дар баландии 500 метр аз Британияи Кабир, 1000 метр аз Олмон ва 1500 метр аз Русия оғоз ёфта, ба биёбонҳои Осиёи Марказӣ- Аралқум, Қизилқум ва Қароқум ворид шуд, қисман аз ғарб ва қисми зиёд аз ҷануби Тоҷикистон (Шаҳритус) ба ҷумҳурии мо ворид гардидааст.

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 6 километр сабт  шуд.

Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз се унсури вазнини ба саломатии инсон зараровар: марги муш (арсеник), маранес ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз миёнаи солҳои 2007-2022 муайяншуда дарёфт гардид.

7 унсури дигар, ба монанди мис, руҳ, хром ва ғайра дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуд ҳастанд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар таркиби аэрозоли хокбориш кобалт ва ванадий пайдо нашуд. Дар рӯзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои ҷумҳурӣ қариб 4 маротиба зиёд шудааст.

Хокбориш то 20 август идома меёбад. Бинобар ин, дар ин рӯзҳо ба одамоне, ки ба бемориҳои дил, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар хонаҳо қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 19, 2024 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд