Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад

Август 26, 2024 19:00

МУЪМИНОБОД,  26.08.2024  /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ шуда, бо дастгоҳҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Тавре сартабиби беморхона Самандар Давлатов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода  иттилоъ дод, дар айни замон дар беморхона корҳои таъмирию навсозӣ идома дошта, кормандон ба шинонидани гулу гулбуттаҳо ҷалб шудаанд.

Беморхона соли 2001 ба фаъолият шуруъ намуда бошад ҳам, то инҷониб беморон аз норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ танқисӣ мекашиданд. Ҳоло дар ҳар ҳуҷра барои беморон шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо оби гарму хунук ва рахти хоб таъмин мебошанд. Масъулини беморхона нақша доранд, ки ҳар  ҳуҷраро бо кондитсионер ва яхдон таъмин намоянд.

Беморхона дорои 10  шуъба буда,  аз 189 кат иборат аст. То ин ҷониб  1379 бемор бистарӣ ва аз ин 1331 нафар муолиҷа гирифтаанд. Барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ 3 мошини ёрии таъҷилӣ фаъолият доранд.

Дар ноҳияи Муъминобод дар маҷмуъ 71 табиб ва 767 корманди миёнаи тиб ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Барои фароҳам овардани шароити муносиб барои  беморон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷҳизоти гуногун ворид карда шудаанд, ки кори табибонро хеле осон менамоянд.

Самандар Давлатов иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани фавт нақша дорем, ки шароити беморхонаро боз ҳам беҳтар намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид