БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Имрӯз муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоӣ рақобат менамояд

Август 4, 2024 19:05

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 20:30 ба вақти Душанбе, муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс рақобат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин давр рақиби Давлат Болтаев варзишгари узбекистонӣ Лазизбек Муллоҷонов мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ бар варзишгари ирландӣ Ҷек Марли бо ҳисоби 4:1 ғалаба намуд ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 баромаданд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқа мебошанд.

Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳоло ду медали биринҷӣ дорад. Медалҳои биринҷиро аз риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 4, 2024 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад