«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони Душанбе ба меҳмонӣ ба шаҳри Хоруғ рафтанд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгириву роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади шиносоӣ бо урфу одат, анъана, фарҳанги миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ дар байни ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзииши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози меҳмонии ҷавонони пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе бо иштирокчиён вохӯрӣ намуда, изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонони мо дар ҳама самт фаъолияти назаррас дошта, муаррифи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Изҳор шуд, ки имрӯз ҷавонон аз ҳуқуқҳои зиёд бархӯрдоранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба идоракунӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин дар Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нишон дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали дӯстии ҷавонон 15 август оғоз гардида, то 18 август идома меёбад.
Дар доираи баргузории чорабиниҳо иштирокчиёни фестивал бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва меҳмондориву меҳмоннавозии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Дарвоз, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ аз наздик шинос мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






