Дар 6 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» амалӣ мешавад

Август 12, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ва «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» татбиқ гардида истодааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараву Восеъ татбиқ шуда, 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Ҳадафи асосӣ ва натиҷаи ниҳоии лоиҳаи мазкур ба васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 апрели соли равон бинои замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки дар ду баст то 200 нафар таълим гирифта, ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Дар марказ дар баробари аз худ кардани 4 намуди касб, аз ҷумла «Устои барқ», «Кафшергар», «Андовагар» ва «Усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ», ҳамчунин марказҳои омӯзиши забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ таъсис ёфтааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад. Ҳамчунин дар марказ барои машғулиятҳои амалӣ устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ фаъолият мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки 24 майи соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид.

Заминаҳои моддию техникии фароҳамшуда дар ин марказ имконият медиҳад, ки дар як баст то 300 нафар таълим гирифта, дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла «Мутахассиси коркарди меваю сабзавот», «Сабзавоткор», «Таъмиргари техникаи кишоварзӣ», «Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ», «Таъмиргари асбоби рӯзгор», ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ имкон дорад. Ҳар як хонандаи марказ баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Дар доираи амали «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» барномаи «Системаи ягонаи миллии иттилоотии бозори меҳнат (LMIS)» таҳия ва мавриди амал қарор дода мешавад. Ҳамзамон, дастгирии шаҳвандони бекор – муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта, беҳтар намудани хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии бекорон ва дар доираи он муайян намудани вазъи хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳия ва татбиқи маҷмуи воситаҳо барои муайян ва пайгирӣ намудани талаботи малакаҳо дар бозори меҳнат, таҳияи феҳристҳо — махзани маълумоти шахсони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷойҳои кори холӣ, инчунин дастгирии техникии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назар аст, амалӣ карда мешавад. Дар доираи амалӣ намудани зербанди 2.2 лоиҳаи мазкур таҳти унвони «Баланд бардоштани фарогирии иқтисодӣ» таҳияи 20 модули стандарти таълимӣ, омӯзиши касбии 20 ҳазор корҷӯй, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта, оилаҳои осебпазир, шахсони имконияташон маҳдуд ва занҳои сардори оила ба нақша гирифта шудааст, ки аз дастгирии молиявӣ ва техникӣ бархӯрдор хоҳанд гашт.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти соли равон иброз доштанд: «ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд».

Рухсораи НУР,
АМИТ “Ховар”

АКС: манбаъҳои боз

Август 12, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳим арзишҳои асосии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад