Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд

Август 24, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Афғонистон ягона кишваре дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки дар он таҳсилоти миёна ва олӣ барои духтарон ва занон ба таври қатъӣ манъ аст. Бино ба маълумоти ЮНЕСКО, ки рӯзи панҷшанбе нашр гардид, 1 миллиону 400 ҳазор духтари афғон қасдан аз таҳсил маҳрум шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ низ дар ин давра якбора коҳиш ёфт ва ҳоло дар муқоиса бо сатҳи се соли пеш 1,1 миллион нафар кам кӯдакони афғон дар мактаби ибтидоӣ таҳсил менамоянд.

«Имрӯз Афғонистон ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки дастрасии занон ва духтарони аз 12-сола боло ба таҳсил манъ аст. Ин вазъ бояд ҳамаи моро ба ташвиш орад, — гуфт директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле. — Ҳуқуқ ба таҳсилот мавзуи музокира ё баҳс нест».

Дар натиҷаи мамнуиятҳо, аз соли 2021 инҷониб тақрибан 1,4 миллион духтар қасдан аз дастрасӣ ба таҳсилоти миёна маҳрум шудааст. Ин нишондод нисбат ба моҳи апрели соли 2023 300 ҳазор нафар зиёд аст.

Ҳарчанд ба духтарон то 12-солагӣ иҷозаи гирифтани таҳсилот дода мешавад, аммо аз соли 2021 инҷониб теъдоди хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти нави ЮНЕСКО, соли 2022 дар Афғонистон 5,7 миллион духтару писар (6,8 миллион дар соли 2019) дар мактабҳои ибтидоӣ таҳсил мекард. Коҳиш ёфтании фарогирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар натиҷаи тасмим дар бораи манъ кардани омӯзгорони зан аз таълими писарон ба вуҷуд омада, норасоии омӯзгоронро боз ҳам шадидтар гардонд.

Рақамҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ низ дар ин кишвар бисёр нигаронкунанда мебошанд. Аз соли 2021 инҷониб шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳо беш аз нисф (53 фоиз) кам шудааст. Дар натиҷа Афғонистон дар ояндаи наздик ба нарасоии хатмкунандагони дорои касби баландихтисос дучор мегардад, ки ин ба рушди кишвар монеа эҷод менамояд.

Шуруъ аз соли 2021 ЮНЕСКО якҷоя бо шарикони башардӯстонаи худ барои таҳияи усулҳои алтернативии таҳсил дар Афғонистон кор мекунад. Дар 20 вилояти ин кишвар ташкилот бо иштироки аҳли ҷомеа барномахо таҳия кардааст. Зиёда аз ҳазор нафар мураббӣ, аз ҷумла 780 зан барои таълими курсҳои саводомӯзӣ тайёр карда шудаанд. Беш аз 55 ҳазор ҷавон, ки аксарияти онҳо духтарон мебошанд, аз ин курсҳо истифода бурдаанд.

Зиеда аз ҳазор мураббиен, аз ҷумла 780 зан, барои курсҳои саводнокӣ омӯзонида шуданд. Зиеда аз 55 ҳазор ҷавонон аз ин курсҳо истифода кардаанд, ки аксари онҳо духтарон мебошанд.

АКС аз Созмони Милали Муттаҳид

Август 24, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ