Дар Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бинобар гармои шадид зиндагӣ кардан ғайриимкон мегардад
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бинобар тағйирёбии иқлим дар оянда метавонанд минтақаҳои барои ҳаёти инсонҳо хатарнок гарданд, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба ТАСС.
Тавре ширкати телевизионии CNN бо истинод ба пажуҳишҳои Донишгоҳи Пердю шарҳ медиҳад, олимон инро ба он рабт медиҳанд, ки ин минтақаҳо дорои зичии хеле баланди аҳолӣ ва дастрасии маҳдуд ба ҳавосардкунакҳо (кондитсионерҳо) мебошанд.
Маркази гармии шадид ва намнок бинобар афзоиши гармшавии глобалӣ метавонад пас аз якчанд сол қисматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла Ғарби Миёна гардад.
Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки тобистони гарми соли 2024 нисбат ба меъёрҳое, ки дар оянда инсониятро чӣ гуна ҳарорати баланд интизор хоҳад буд, салқинтар метобад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола тақрибан 489 ҳазор нафар аз гармӣ мефавтанд. Бо вуҷуди ин, CNN таъкид менамояд, ки шумораи воқеии фавтидагон метавонад зиёдтар бошад, зеро пайгирии фавтнокӣ аз гармӣ хеле душвор аст.
АКС аз манбаъҳои боз








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






