Дар Бадахшон 7 бинои кӯдакистон ба истифода дода мешавад

Август 14, 2024 14:51

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. То охири соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 бинои кӯдакистон бо фарогирии 585 кӯдак сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус 12 август зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Дар вилоят дар айни замон барои фароғати наврасон 5 истироҳатгоҳ фаъолият мекунад. Дар нақша аст, ки то охири  таътил зиёда аз 1000 кӯдак ба истироҳатгоҳ ҷалб гарданд.

Дар вилоят соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 29 иншооти соҳаи маориф ба маблағи зиёда аз 160 миллион  сомонӣ идома меёбад.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни Истиқлоли давлатӣ 16 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода мешавад. Дар айни замон сохтмони беморхонаҳои вилоятӣ ва марказии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз оғоз гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 14, 2024 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад