Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад

Август 10, 2024 14:57

ВАҲДАТ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои корӣ зимни вохӯрӣ бо ҷавонони синни даъватӣ ва волидайни онҳо ҷавононро ба хизмати Ватан-Модар даъват намуда, онҳоро руҳбаланд мегардонанд. Хушбахтона, ҳоло маърифати ҳуқуқии ҷавонону сокинони шаҳр баланд гардидааст. То имрӯз барои ҳифзи Ватан зиёда аз 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ изҳори омодагӣ намудаанд, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иброз намуд.

Илова гардид, ки қисми зиёди ҷавонони синни даъватӣ аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳоло ба давраи омӯзишии ронандагӣ фаро гирифта шуда, дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн хизмат менамоянд.

Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) баҳри саноатикунонии шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон 4 коргоҳи нави саноатӣ ба кор дароварда шуд. Дар ин давра 20 корхонаи саноатии шаҳри Ваҳдат истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои расман сабтшуда дар шашмоҳаи аввали имсол 590 миллиону 619 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 94 миллиону 53 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани 808 иншоот, аз қабили 92 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 51 иншооти соҳаи тандурустӣ, 119 иншооти соҳаи маориф, 23 иншооти варзишӣ, 24 иншооти фарҳангӣ, 212 иншооти хизматрасонӣ, 106 бинои истиқоматӣ ва дигар иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз 298 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки инҳо 14 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 22 иншооти соҳаи тандурустӣ, 37 иншооти соҳаи маориф, 8 иншооти соҳаи варзишу фарҳанг, 92 иншооти соҳаи хизматрасонӣ, 5 адад пул, 11 бинои баландошёна ва 48 иншооти дигар мебошанд. Дар иншооти боқимонда корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд