Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони 8 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамзамон ба таври маҷозӣ намояндаи Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ иброз дошт, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки шабакаи муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 бойгонии давлатии тобеи Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 64 бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 65 бойгонии байниидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
«Мехостам таъкид намоям, ки дар давлати мо таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона мегардад. Мо ба фаъолияти Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳо низ таваҷҷуҳи махсус равона мекунем. Мо дар сатҳи ҷаҳонӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ҳам дар шакли бисёрҷониба ва ҳам дуҷониба баромад мекунем. Аз ин рӯ, мехостем, ки Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳо барои амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим хизмат намояд ва мо тавонем масоили мубрами рушди бойгониҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмуъ баррасӣ намоем. Мо кӯшиш менамоем, ки на танҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи бойгонӣ, балки фаъолияти муштараки ҳалли онҳоро низ дар ин ҷаласа пайдо намоем», — изҳор дошт муовини сардори Бойгонии Русия Андрей Юрасов.
Мавсуф иброз дошт, ки ин ҷаласа ба рушди ҳамкории давлатҳо ва ҳамзамон рушди соҳаи кори бойгонӣ дар ҳар давлат мусоидат менамояд. «Дар назди кормандони соҳаи бойгонии Федератсияи Русия чун қабл вазифаи гузаронидани фаъолияти бойгонӣ мутобиқи талаботи давлат ва ҷомеаи муосири иттилоотӣ, ҳалли вазифаҳои душвори табодули рақамии соҳа ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бойгонӣ меистад», -гуфт ӯ.
Тавре дар суҳбат мушовири Сардори Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Усмонов иброз дошт, дар маҷмуъ дар тамоми бойгониҳои давлатӣ, бойгониҳои байниидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 30 июни соли 2024 сию ҳашт ҳазору ҳафтоду ҳашт фонд мавҷуд аст, ки 11 миллиону 410 ҳазору 97 парвандаро дар бар мегирад. «Дар анборҳои Бойгонии давлатии филму аксҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 235 ҳазору 683 адад захираи ҳуҷҷатҳои кино ва аксҳо маҳфуз мебошанд. Аз аввали имсол то имрӯз бо мақсади зиёд намудани манбаъҳои нигоҳдории электронӣ, таъмини эътимодноки нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани шароити истифодаи ҳуҷҷатҳои архивӣ 177 ҳазору 21 ҳазор варақ аз коғаз ба шакли электронӣ гузаронида шуда, ба захираҳои электронӣ ворид карда шуд», -гуфт ӯ.
Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ манбаи асосии нигоҳдории далелҳои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки далелҳои раднашавандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ифода менамоянд. Ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфуз ҳамчун хазинаи гаронбаҳо ва ифодакунандаи воқеаҳои таърихӣ аз насл ба насл гузашта, ба сифати далелҳои боэътимод хизмат менамоянд.
Самти фаъолияти бойгонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо буда, моҳияти бойгонӣ таъмини ҷомеа бо иттилооти тарҷеҳӣ аст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» ташкилоту идораҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, вазифадор шудаанд, ки бо гузашти муҳлатҳои дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштан ҳуҷҷатҳояшонро ба бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳо ва бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ супоранд.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба масъалаҳои таъмини амнияти ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, барқарорсозӣ ва тарҷумаи онҳо ба қолаби электронӣ табодули таҷриба намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш табодули таҷрибаи пешқадам ва дар ҳамин замина беҳтар намудани фаъолияти корӣ мебошад. Дар ин ҷаласа иштирокдорон роҳу усулҳои муосир ва таҷрибаи якдигарро аз бар намуда, дар фаъолияти минбаъда истифода менамоянд.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани хизмати бойгонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода факултаҳо ва кафедраҳои илми бойгонӣ мавҷуд буда, дар онҳо мутахассисони бойгонишинос тайёр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пагоҳ низ корро идома дода, дар доираи он 8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир мегардад.
Дар доираи баргузории ҷаласа саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»