Дар Душанбе ҷараёни амалишавии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак», ки дар иншооти ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзобод ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон идома доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, ҳамзамон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳа баргузор шуд, ки ҳадафи он сохтмон ва навсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод шудаанд, мегузаранд.
Зимни ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, барои ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таклифҳо пешниҳод гардиданд. Инчунин аз ҷониби аъзои Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиён ҳолати татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва хосса корҳои анҷомёфта дар шашмоҳаи аввали соли 2024 мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки амалисозии лоиҳа 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Он дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






