Дар Душанбе барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ омодагӣ мебинанд

Август 6, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар амал татбиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 августи соли 2024 дар бораи баргузор намудани нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва талошҳои президенти Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон нахустин маротиба 28-31 августи имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Аз ин лиҳоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе масъулинро даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин мусобиқа талош намоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои муҳими вобаста ба мусобиқа матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки он ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 6, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад