Дар Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон идома дорад

Август 16, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 16.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон идома дорад. Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.

Тавре муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ҷавонони фаъоли ду давлат дар ин ҷо ҳузур доранд ва онҳо бо пешниҳоди идеяву лоиҳаҳои нави худ метавонанд дар мустаҳкам намудани дӯстии ду давлат ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳм гузоранд. «Баргузории форум имкон фароҳам меорад, ки дар оянда  шартномаҳои ҳамкории дуҷониба ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ имзо гарданд ва дар доираи онҳо корхонаҳои муштарак таъсис ёбанд», -гуфт муовини якуми Раиси кумита.

«Ман фикр мекунам, ки имрӯз заминаи рушди стратегии ду давлат маҳз дар сиёсат ва соҳаи ҷавонон гузошта шудааст. Қазокистонро ҳайати 20-нафара аз тамоми минтақаҳои мо намояндагӣ мекунад. Мо таҷрибаи пешқадами сиёсати ҷавононро дар ду давлат омӯхта, аз ҳамдигар таҷриба гирифтем», — иброз дошт мудири бахши сиёсати ҷавонони вилояти Алматои Қазоқистон Мадӣ Ахметов дар Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷавонон дар Тоҷикистон беш аз 70 фоиз ва дар Қазоқистон беш аз 40 фоизро ташкил медиҳанд. «Бисьёр масъалаҳои мураккаби проблемавӣ ҳастанд, ки онҳоро якҷоя ҳал кардан мумкин аст, лоиҳаҳои хуб низ ҳастанд, ки онҳоро дар якҷоягӣ бояд баррасӣ намуд»,- гуфт ӯ.

Мадӣ Ахметов пешниҳод мекунад, ки ин форум ба таври анъанавӣ ҳар сол дар ду давлат баргузор гардад. «Фикр мекунам, мо атрофи ин масъала кор хоҳем кард ва низ мунтазири он ҳастем, ки ҳамкасбони тоҷикамон дар Қазоқистон соли оянда низ ҳамин форумро баргузор кунанд. Аксари намояндагон бори аввал дар Тоҷикистон ҳастанд ва аз зебоии он хеле дар ҳайрат мебошанд. Душанбе шаҳри хеле зебои сабзи муосири рушдёбанда аст. Ин барои рушди ҷавонон имконияти зиёд фароҳам меорад, зеро тавре мушоҳида намудем, аҳолии шаҳр асосан ҷавонон ҳастанд», — гуфт дар хотима Мадӣ Ахметов.

Ёдовар мешавем, ки кори Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон  имрӯз анҷом меёбад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 16, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд