Дар Душанбе оид ба лоиҳакашии бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» протокол ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Протоколи музокирот байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОICА) дар бораи таҳияи Асосноккунии техникиву иқтисодии (АТИ) лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Арзиши умумии Асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа 4 миллион доллари амрикоӣ буда, хати роҳи оҳани бунёдшаванда то сарҳади Афғонистон 51 километр, пулҳои гуногунандоза 28 адад ва қубурҳои обгузар 160 ададро ташкил медиҳанд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз намуд, ки ҳадафи асосии лоиҳа баромадан ба бозори давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) буда, он ба таъмини рушди тиҷорати минтақавӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди бунёдгардида, паст намудани сарборӣ ва шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мусоидат менамояд.
«Дар сурати муваффақона татбиқ намудани лоиҳа Тоҷикистон ба давлати транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли молу маҳсулот бо мамлакатҳои ҳамсоя меафзояд, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои давлатҳои дигари минтақа бисёр муфид хоҳад буд», — гуфт вазир.
Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки ин лоиҳа қадами дигар ба ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон аст ва бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 комилан мувофиқат мекунад. Он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба баҳр барояд ва ба ҳалқаи калидии ҳамлу нақли байналмилалӣ табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ созгор аст.
«Лоиҳа нахустин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба бунёди роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ мебошад», — гуфт сафир ва изҳори умедворӣ кард, ки он дар муддати се сол пурра татбиқ гардида, дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Протоколи ин музокирот дар натиҷаи гузаронидани якчанд даври гуфтушунидҳо байни ҷонибҳо тартиб дода шуд ва он тамоми ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии раванди таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»-ро ба танзим медарорад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст






