Дар Душанбе вобаста ба омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат дар Тоҷикистон ҳамоиш доир мешавад

Август 13, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷот ва талаботи корфармоён» ҳамоиш баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулини  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиш самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ мешаванд.

Дар  ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва корхонаву ширкатҳои хусусии ватанӣ иштирок менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид