Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба иди касбии табибон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба иди касбии табибон — Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон (18 август) ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин хадамот иттилоъ доданд, дар ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода иброз намуд, ки «соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар мамлакат сол то сол рушд меёбад».
Сардори Хадамот аз дастовардҳо ёдовар гардида, таъкид намуд, ки дар самти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамасола натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда мешаванд. Ин омил ба сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди сабку усулҳои табобат ва ворид намудани таҷҳизоти муосир ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мусоидат менамояд.
Назорати фаъолияти фармасевтӣ натиҷаҳои хуб ба бор меоварад. Он шуруъ аз воридоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ то ба бозору муассисаҳои табобатӣ ворид гардидани онҳоро пайваста мавриди назорат қарор медиҳад. Ин фаъолият сабаби пешгирии ҳолатҳои ба мамлакат ворид гардидани маводи дорувории пастсифат, ба талабот ҷавобгӯ набуда ва тараққӣ ёфтани истеҳсолоти ватанӣ мегардад.
Имрӯз тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ба халқ хизмат расонида, вазифаашонро бо масъулияти баланд иҷро мекунанд ва шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардум буданро баланд мебардоранд. Дар ин раванд кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии сокинони мамлакат хизмат доранд.
Дар ҷаласа ба кормандони Хадамот Ифтихорнома ва нишонҳои «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» супорида шуданд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






