Дар Истаравшан дар 7 гектар ниҳолҳои павловния шинонида шуданд
СУҒД, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии Ҷӯраевҳои шаҳри Истаравшан дар 7 гектар ниҳоли дарахти павловния шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Хоҷагии деҳқонии Ҷӯраевҳо қариб 29 гектар замин дорад, ки қаблан ин заминҳо бекорхобида буданд. Барои обёрӣ ду чоҳи амудӣ кофта шуда, ба масофаи 5 километр хати оби полезӣ кашида шудааст. Дар 7 гектар ниҳоли дарахти павловния шинонида шуд, ки нашъу намои хуб дошта, дар оянда ҳамчун тахта барои сохтмон истифода карда мешаванд.
Аъзои хоҷагӣ инчунин дар 5,5 гектар пиёз кишт карда, ба таври обёрии қатрагӣ об медиҳанд. Тибқи пешгӯиҳои мутахассисон, аз ҳар гектар то 80 тонна ҳосил ба даст оварда мешавад. Кишоварзон заминро мақсаднок истифода намуда, дар 4 гектар хуч парвариш менамоянд.
Зимни суҳбат бо деҳқонон Раиси вилояти Суғд аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, гирифтани се-чор ҳосил, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ёдовар шуд.
Бо назардошти муносиб будани иқлими ин минтақа дар оянда майдони парвариши дарахти павловния зиёд карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






