Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» таъсис дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд, зимни ҷаласа Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мақсади хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфт. Ӣн ҳизб маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар дили ҳар шаҳрванди мамлакат маҳбубият пайдо намуд, ки имсол аз таъсиси он 30 сол сипарӣ мегардад.
Вақте ба фаъолияти созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар меандозем, маълумамон мегардад, ки зарурати таъсиси он маҳз ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар маҷмуъ амалӣ сохтани ормонҳои миллии ҳар фарди тоҷик мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси кор қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад. Ин кор бояд ҳамеша вазифаи ҷонии ҳар узви ҳизб дониста шавад.
Дар ҷаласа бо дастгирӣ ва ҷонибдории аъзои ҳизб Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» интихоб шуда, муовини раис ва котиб аз ҳисоби кормандон таъйин гардид.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






