Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр майдони марказии шаҳри Душанбе ба маконе табдил меёбад, ки дар он варзиш, дилхушиҳо ва технологияҳои баланд муттаҳид мешаванд. «MegaFon Football Day» туҳфае хоҳад буд, ки ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бахшида ба таъсиси худ ба сокинон ҳадя мекунад. Дар бораи барномаи чорабинии бошукуҳ, ки дар он метавон бо бозингарони дастаи мунтахаби миллӣ муошират намуд ва бозии ғайриодии футбол, ки ба он хотимаи рангин мебахшад, маълумот медиҳем.
Макони аксгирӣ
Дар назди даромадгоҳ дар пеши маконҳои рангини аксгирӣ таваққуф намоед. Дар ин ҷо метавонед бо наздикону дӯстон аксҳои зебо гиред. Усули беҳтарин барои ба даст овардани лайкҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз дигарон мебошад!
Караоке
Сурудхониро дӯст медоред? Пас ҳангоми гузаштан аз назди караоке бетаваҷҷуҳ набошед, худро ситораи эстрада эҳсос намоед! Барои овозхонҳо- эътирофи тамошобинон, кафкӯбиҳо ва туҳфаҳои дилписанд.
Майдон барои кӯдакон
Хурдтарин меҳмононро бозиҳо, озмунҳо, машғулияти омӯзишӣ интизор ҳастанд. Волидон метавонанд тамоми майдонҳоро тамошо кунанд, дар ҳоле ки кӯдакон таҳти назорати соҳибкасбон вақтро хуш мегузаронанд.
Майдони варзишӣ
Эстафетаҳои оилавӣ, бозии моҳирона бо тӯб, машғулияти омӯзишӣ оид ба футбол – маҳорати худро нишон диҳед!
Майдони шарикон
Дар озмунҳои шарикони чорабинӣ иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гардед ва дар бораи навгониҳои брендҳои пешқадам маълумот гиред.
Фудкорт
Гурусна мондед? Истироҳат намоед ва неру гиред. Барои шумо таомҳо ва нӯшокиҳои болаззат аз беҳтарин тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои шаҳр омода карда шудаанд.
Макони варзиши кибернетикӣ бо «Интернет барои хона»
Дар мусобиқаҳо иштирок намуда, бо дӯстон рақобат намоед ва суръати баланди «Интернет барои хона»-ро, ки барои бозии бемаҳдуд имкон медиҳад, бисанҷед. Дар худи ҳамин майдон машғулияти омӯзишӣ оид ба танзимкунии шабака ва озмунҳо баргузор мегарданд, ки дар онҳо метавонед сертификат барои пайвасткунии ройгони тарофаи «Интернет барои хона» бурд намоед.
Майдони «МегаФон Тоҷикистон» ва макони мухлисон
Барои вохӯрдан бо бозингарони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсон Панҷшанбе ва Табрез Исломов ва гирифтани соядасти онҳо беҳтарин имконият аст. Дар вақти дигар дар майдон машғулияти омӯзишӣ, озмунҳо ва баромади ҳунармандони тоҷик баргузор мегарданд.
Саҳнаи асосӣ
Давоми чорабинӣ дар саҳна Абдулвалӣ Соҳибов ҳамчун ровӣ баромад намуда, мусиқии дидҷей Emre Jan садо медиҳад. Соати 18:00 фурсати тамошои ҳунарнамоии маликаи саҳнаи эстрадаи тоҷик Зулайхоро аз даст надиҳед!
Майдони варзишгоҳ
Дар ин ҷо соати 19:00 рӯйдоди муҳими рӯз оғоз меёбад: футболбозони маъруфи дастаи мунтахаби миллӣ Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев бо ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва шоу-бизнес ба рақобат мепардозанд. Анҷоми зебое, ки муддати тӯлонӣ дар хотир мемонад!
Даромад ба «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» ройгон аст. Бо аҳли оила биёед ва як рӯзи хотирмонро ҳамроҳ бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» гузаронед!
Шарики кулли иттилоотии фестивали «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо» – АМИТ «Ховар».
Шарики расмии иттилоотии фестивал – Pressa.tj.
Шарикони иттилоотии фестивал – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо ва Love Radio TJ.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!






