Дар Мастчоҳ риояи қонунҳои амалкунандаи соҳаи танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ намуданд

Август 17, 2024 14:17

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ  ва  шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад,  дар ҳамоиш  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фаъолон ва сокинони  ноҳия иштирок намуданд.

Ҳадафи ҷамъомади мазкур  ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, эҳтироми қонунҳо ва риояи талаботи онҳо, инчунин шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мебошад.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти эълони соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон, роҳҳои мусоидат дар беҳтар кардани донишу фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан насли наврас, пешгирии қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани мақоми қонун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ  ибрози андеша  намуданд.


Таъкид гардид, ки тарбияи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Ҳамзамон дар мулоқот вобаста ба нақши Конститутсия ва ба даст овардани давлати комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона, оид ба ҷалби ҳуқуқҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва бахши ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм, мазмуну моҳияти қонунҳои номбаршуда   ибрози андеша гардид.

Аз иштирокдорони вохӯрӣ тақозо карда шуд, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, хурофотпарастӣ, ифротишавии мафкураи насли наврас ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳм гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Август 17, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид